Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -




Ибодат 8:30 - Китоби Муқаддас 1992 1999

30 Ва Мусо аз равғани тадҳин ва аз хуне ки бар қурбонгоҳ буд, гирифт, ва бар Ҳорун, бар либосҳояш, ва бар писарони ӯ, ва бар либосҳои писарони ӯ бо ӯ пошид; ва Ҳорун ва либосҳояш, ва писарони ӯ ва либосҳои писарони ӯро бо ӯ тақдис кард.

Faic an caibideil Dèan lethbhreac




Ибодат 8:30
15 Iomraidhean Croise  

Ва либосҳои муқаддас барои бародарат Ҳорун, аз баҳри иззат ва шукӯҳ бисоз.


Ва аз хуне ки бар қурбонгоҳ аст, ва аз равғани тадҳин гирифта, бар Ҳорун ва либосаш, ва бар писарони ӯ ва либосашон бо ӯ бипош; ва ӯ ва либосаш, ва писарони ӯ ва либосашон бо ӯ тақдис хоҳанд шуд.


Ва Ҳорун ва писаронашро тадҳин бикун, ва онҳоро тақдис намо, то ки ба Ман каҳонат кунанд.


Рӯҳи Худованд Худо бар Ман аст, зеро ки Худованд Маро тадҳин намудааст: Маро фиристодааст, то ки ба мискинон башорат диҳам, шикастадилонро шифо бахшам, озодиро ба асирон ва фатҳи зиндонро ба бандиён эълон намоям;


Мотамзадагони Сионро ато намуда, ба онҳо афсаре ба ҷои хокистар бидиҳам, ва равғани шодмонӣ — ба ҷои мотам, ва ридои ҷалол — ба ҷои рӯҳи андӯҳгин; ва онҳо дарахтони адолат номида хоҳанд шуд, ки Худованд барои ҷалоли Худ шинондааст.


Ва Мусо ба Ҳорун гуфт: «Ин аст он чи Худованд сухан ронда, гуфтааст: „Ба воситаи наздиконам қудсияти Худро зоҳир хоҳам сохт, ва дар назари тамоми қавм ҷалол хоҳам ёфт“». Ва Ҳорун хомӯш монд.


Ин аст насибаи тадҳини Ҳорун ва насибаи тадҳини писаронаш аз қурбониҳои оташини Худованд дар рӯзе ки онҳо наздик оварда шуданд, то ки барои Худованд каҳонат кунанд,


Ки ба онҳо додани онро Худованд амр фармуд, дар рӯзе ки онҳоро аз миёни банӣ‐Исроил тадҳин намуд. Ин фаризаи абадӣ дар наслҳои онҳост.


Ва аз равғани тадҳин бар сари Ҳорун рехта, ӯро тадҳин намуд, то ки ӯро тақдис кунад.


Ин аст номҳои писарони Ҳорун, коҳиноне ки тадҳин карда шуда буданд, ки ӯ онҳоро барои каҳонат баргумошт.


Зеро ки ҳам Тақдискунанда ва ҳам тақдисшавандагон, ҳама аз Ягона ҳастанд; ба ин сабаб Ӯ ор намекунад, ки онҳоро бародар хонад, ва мегӯяд:


Ва мувофиқи таъиноти пешакии Худои Падар, бо тақдиси Рӯҳ, барои итоат ва пошидани Хуни Исои Масеҳ интиҳоб шудаанд: файз ва осоиштагӣ бар шумо фаровон бод.


Валекин тадҳине ки шумо аз Ӯ ёфтаед, дар шумо сокин аст, ва шумо эҳтиёҷе надоред, ки касе шуморо таълим диҳад; аммо азбаски тадҳини Ӯ ба шумо ҳар чизро таълим медиҳад, ва он рост аст ва дурӯғ нест, ва ҳамон тавр, ки шуморо таълим додааст, дар Ӯ бимонед.


Ба ӯ гуфтам: «Эй оғо, ту медонӣ». Ва ӯ ба ман гуфт: «Инҳо касоне ҳастанд, ки аз азоби азим омадаанд; инҳо либосҳои худро шуста, бо хуни Барра сафед кардаанд;


Lean sinn:

Sanasan


Sanasan