Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -




Ибодат 8:3 - Китоби Муқаддас 1992 1999

3 Ва тамоми ҷамоатро назди дари хаймаи ҷомеъ ҷамъ кун».

Faic an caibideil Dèan lethbhreac




Ибодат 8:3
16 Iomraidhean Croise  

Ва Довуд тамоми Исроилро аз Шиҳӯри Миср то даромадгоҳи Ҳамот ҷамъ кард, то ки сандуқи Худоро аз Қирьят‐Еорим биёранд.


Ва Довуд тамоми Исроилро дар Ерусалим ҷамъ кард, то ки сандуқи Худовандро ба маконе ки барои он тайёр карда буд, бароранд.


Ва қавми зиёде дар Ерусалим ҷамъ шуданд, то ки иди фисҳро дар моҳи дуюм ба ҷо оваранд, — ҷамоати бағоят сершумор буданд.


Ва подшоҳ, ва сарваронаш, ва тамоми ҷамоат дар Ерусалим машварат намуда, қарор доданд, ки фисҳро дар моҳи дуюм ба ҷо оваранд;


Ва тамоми ҷамоати Яҳудо, ва коҳинон ва левизодагон, ва тамоми ҷамоате ки аз Исроил омаданд, ва ғарибоне ки аз замини Исроил омаданд, ва онҳое ки дар Яҳудо сокин буданд, хурсандӣ карданд.


Он гоҳ Сулаймон пирони Исроил, ва ҳамаи сардорони сибтҳо, раисони хонаводаҳои банӣ‐Исроилро дар Ерусалим ҷамъ кард, то ки сандуқи аҳди Худовандро аз шаҳри Довуд, ки Сион бошад, бароваранд.


Ва подшоҳ Сулаймон ва тамоми ҷамоати Исроил, ки ба хузури ӯ назди сандуқ ҷамъ шуда буданд, гӯсфандон ва говонро қурбонӣ карданд, ки микдори онҳоро, ба сабаби бисьёриашон, ба ҳисоб овардан ва муайян намудан мумкин набуд.


Ва тамоми қавм, мисли як тан, дар майдони пеши дарвозаи Об ҷамъ шуданд, ва ба Эзрои китобдон гуфтанд, ки китоби Тавроти Мусоро, ки Худо ба Исроил амр фармудааст, биёрад.


Ва коҳини поккунанда шахси покшавандаро бо ин чизҳо ба ҳузури Худованд назди дари хаймаи ҷомеъ мегузорад.


«Ҳорун, ва писаронашро бо ӯ, ва либосҳо, ва равғани тадҳин, ва гӯсолаи қурбонии гуноҳ, ва ду қӯчқор, ва сабади фатирҳоро бигир,


Ва Мусо ончунон ки Худованд ба ӯ амр фармуд, ба амал овард, ва ҷамоат назди дари хаймаи ҷомеъ ҷамъ шуданд.


«Асоро бигир, ва ту ва бародарат Ҳорун ҷамоатро ҷамъ карда, пеши назари онҳо ба сахра бигӯед, ки оби худро бидиҳад: ва ту барои онҳо аз сахра об бароварда, ҷамоат ва чорпоёни онҳоро хоҳӣ нӯшонид».


Ва аз он ҷо ба Баир кӯч карданд. Ин ҳамон чоҳест, ки Худованд дар бораи он ба Мусо гуфт: «Қавмро ҷамъ кун, то ки ба онҳо об диҳам».


Ва левизодагонро назди хаймаи ҷомеъ биёр, ва тамоми ҷамоати банӣ‐Исроилро ҷамъ намо.


Вақте ки рӯзи Пантикост фаро расид, ҳамаашон якдилона дар як ҷо ҷамъ омаданд;


Lean sinn:

Sanasan


Sanasan