Ва аз забҳи саломатӣ инҳоро ҳамчун қурбонии оташин барои Худованд тақдим менамояд: чарбуи он, тамоми дунбаи он, ки то худи думғоза ҷудо карда шуда бошад, ва чарбуе ки амъоро мепӯшонад, ва тамоми чарбуе ки бар амъо мебошад.
Ва писарони Ҳорунро наздик овард, ва Мусо аз он хун бар нармаи гӯши рости онҳо, ва бар нарангушти дасти рости онҳо, ва бар нарангушти пои рости онҳо молид; ва Мусо он хунро бар қурбонгоҳ гирдогирд пошид.
Ва аз сабади фатирҳое ки ба ҳузури Худованд буд, як қурси фатир, ва як қурси нони равғанин, ва як нончаи тунукро гирифта, бар чарбу ва бар соқи рост монд.