Ва қӯчқорро забҳ намо, ва аз хуни он гирифта, бар нармаи гӯши рости Ҳорун ва бар нармаи гӯши рости писаронаш, ва бар нарангушти дасти росташон, ва бар нарангушти пои росташон бимол; ва хунро бар қурбонгоҳ гирдогирд бипош.
Ва аз хуне ки бар қурбонгоҳ аст, ва аз равғани тадҳин гирифта, бар Ҳорун ва либосаш, ва бар писарони ӯ ва либосашон бо ӯ бипош; ва ӯ ва либосаш, ва писарони ӯ ва либосашон бо ӯ тақдис хоҳанд шуд.
Ва коҳин аз хуни қурбонии ҷурм мегирад, ва коҳин онро бар нармаи гӯши рости шахси покшаванда ва бар нарангушти дасти рости вай, ва бар нарангушти пои рости вай мемолад.