22 Ва қӯчқори дуюмро, ки қӯчқори гумоштанӣ ба шумор мерафт, наздик овард, ва Ҳорун ва писаронаш дастҳои худро бар сари қӯчқор монданд.
Ин аст қонуни қурбонии сӯхтанӣ, ҳадияи ордӣ, қурбонии гуноҳ, қурбонии ҷурм, қурбонии гумоштанӣ ва забҳи саломатӣ,
«Ҳорун, ва писаронашро бо ӯ, ва либосҳо, ва равғани тадҳин, ва гӯсолаи қурбонии гуноҳ, ва ду қӯчқор, ва сабади фатирҳоро бигир,
Ва Мусо синаро гирифт, ва онро ҳамчун инъоми ҷунбониданӣ ба ҳузури Худованд ҷунбонид; ин аз қӯчқори гумоштанӣ ҳиссае барои Мусо буд, чунон ки Худованд ба Мусо амр фармуда буд.
Ва Худро барои онҳо тақдис мекунам, то ки онҳо низ бо ростӣ тақдис карда шаванд.
Ва аз Ӯ шумо дар Исои Масеҳ ҳастед, ки барои мо ҳикмате аз ҷониби Худо, яъне адолат ва қудсият ва кафорат шудааст,
Зеро Ӯро, ки аз гуноҳ бехабар буд, барои мо қурбони гуноҳ сохт, то ки мо дар Ӯ адолати Худо шавем.
Эй шавҳарон, занони худро дӯст доред, чунон ки Масеҳ низ ба Калисо муҳаббат дошт ва Худро аз барои он таслим намуд,
Ва ба ҳузури Худ Калисоро дар ҷалоле тақдим кунад, ки на доғе дошта бошад, на нуқсоне, на чизе монанди ин, балки муқаддас ва беайб бошад.