Ва ту бародарат Ҳорун ва писаронашро бо вай, аз миёни банӣ‐Исроил, ба худ муқарраб бикун, то ки вай ба Ман каҳонат намояд: Ҳорун, Нодоб ва Абиҳу, Элъозор ва Итомор, писарони Ҳорун.
Ва бигзор коҳин пероҳани катони худро бипӯшад, ва эзори катоне бар бадани худ бипӯшад, ва хокистари қурбонии сӯхтаниро, ки оташ бар қурбонгоҳ сӯзонидааст, бардорад, ва онро назди қурбонгоҳ бимонад;