19 Ва онро забҳ кард, ва Мусо хунро бар қурбонгоҳ гирдогирд пошид.
Ва говонро куштанд, ва коҳинон хунро гирифта, бар қурбонгоҳ пошиданд; ва қӯчқоронро кушта, хунро бар қурбонгоҳ пошиданд; ва баррагонро кушта, хунро бар қурбонгоҳ пошиданд.
Ва онро бар тарафи шимолии қурбонгоҳ ба ҳузури Худованд забҳ мекунад, ва писарони Ҳорун, коҳинон, хуни онро бар қурбонгоҳ гирдогирд мепошанд.
Ва қӯчқори қурбонии сӯхтаниро наздик овард, ва Ҳорун ва писаронаш дастҳои худро бар сари қӯчқор монданд.
Ва қӯчқорро ба андоми он пора кард, ва Мусо калла ва андом ва чарбуро сӯзонид.
Ҳамчунин бар хайма ва тамоми олоти ибодати Худо хун пошид.