17 Ва гӯсола ва пӯсташ ва гӯшташ ва саргинашро берун аз ӯрдугоҳ дар оташ сӯзонид, чунон ки Худованд ба Мусо амр фармуда буд.
Вале гӯшти гӯсола ва пӯсташ ва саргинашро берун аз ӯрдугоҳ дар оташ бисӯзон; ин қурбонии гуноҳ аст.
Ва он гӯсоларо барои қурбонии гуноҳ бигир, ва онро дар макони муайяни маъбад, берун аз қудс бисӯзон.
Ва гӯсолаи қурбонии гуноҳ ва нарбузи қурбонии гуноҳро, ки хунашон барои кафорат ба қудс дароварда шуда буд, бигзор аз ӯрдугоҳ берун оваранд, ва пӯсти онҳо ва гӯшти онҳо ва саргини онҳоро дар оташ бисӯзонанд.
Ва гӯсоларо аз ӯрдугоҳ берун бароварда, онро месӯзонад, чунон ки гӯсолаи аввалро сӯзонид. Ин қурбонии гуноҳи ҷамоат аст.
Вале ҳар қурбонии гуноҳ, ки хунаш ба хаймаи ҷомеъ дароварда мешавад, то ки дар қудс кафорат намояд, набояд хӯрда шавад; он бояд дар оташ сӯзонида шавад.
Ва гӯшт ва пӯстро берун аз ӯрдугоҳ дар оташ сӯзонид.
Масеҳ моро аз лаънати шариат фидия дода гирифта, барои мо лаънат гардид, — зеро ки навишта шудааст: «Малъун аст ҳар касе ки ба дор овехта шудааст», —