Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -




Ибодат 8:14 - Китоби Муқаддас 1992 1999

14 Ва гӯсолаи қурбонии гуноҳро овард, ва Ҳорун ва писаронаш дастҳои худро бар сари гӯсолаи қурбонии гуноҳ монданд,

Faic an caibideil Dèan lethbhreac




Ибодат 8:14
17 Iomraidhean Croise  

Валекин хости Худованд ин буд, ки Ӯро зарба зада, ба дардҳо гирифтор кунад; вақте ки Ӯ ҷони Худро кафорат намояд, насл дида, умраш дароз хоҳад шуд, ва хости Худованд дар дасти Ӯ муяссар хоҳад гардид.


Ва ба коҳинони левизодае ки аз насли Содӯқ буда, ба Ман наздик меоянд, то ба Ман хизмат кунанд, мегӯяд Худованд Худо, гӯсолаи наре барои қурбонии гуноҳ бидеҳ.


Ва аз хунаш гирифта, бар чор шохи он, ва бар чор гӯшаи барҷастагӣ, ва бар ҳошияи гирди он бипош; ва онро аз гуноҳ пок намо, ва онро кафорат бикун.


Ва дар рӯзе ки ӯ ба саҳни дохилии қудс дарояд, то ки дар қудс хизмат кунад, ӯ бояд қурбонии гуноҳи худро биёрад, мегӯяд Худованд Худо.


Ва дасти худро бар сари қурбонии сӯхтанӣ мемонад, ва ӯ таваҷҷӯҳ меёбад, то ки гуноҳҳояш кафорат шавад.


Ва Ҳорун ду дасти худро бар сари нарбузи зинда мемонад, ва бар он ҳамаи хатоҳои банӣ‐Исроил ва ҳамаи ҷиноятҳои онҳо ва ҳамаи гуноҳҳои онҳоро эътироф менамояд, ва онҳоро бар сари нарбуз мегузорад, ва онро ба воситаи шахси махсус ба биёбон мефиристонад.


Ва Ҳорун гӯсолаи қурбонии гуноҳро, ки барои худи ӯст, тақдим карда, худаш ва аҳли байташро кафорат менамояд;


Ва пирони ҷамоат дастҳои худро бар сари гӯсола ба ҳузури Худованд мемонанд, ва гӯсоларо ба ҳузури Худованд забҳ мекунанд.


«Ҳорун, ва писаронашро бо ӯ, ва либосҳо, ва равғани тадҳин, ва гӯсолаи қурбонии гуноҳ, ва ду қӯчқор, ва сабади фатирҳоро бигир,


Ва бигзор левизодагон дастҳои худро бар сари нарговон бимонанд; ва ту якеро ҳамчун қурбонии гуноҳ, ва дигареро ҳамчун қурбонии сӯхтанӣ ба Худованд, барои кафорати левизодагон, тақдим намо.


Зеро, азбаски шариат бо айби ҷисм суст шуда, ноилоҷ монда буд, Худо Писари Худро ба сурати ҷисми пургуноҳ ва барои гуноҳ фиристода, гуноҳро дар ҷисм маҳкум кард,


Зеро Ӯро, ки аз гуноҳ бехабар буд, барои мо қурбони гуноҳ сохт, то ки мо дар Ӯ адолати Худо шавем.


Чунки Масеҳ низ, барои он ки моро сӯи Худо оварад, як бор барои гуноҳҳои мо уқубат кашид, яъне одил барои золимон ба ҳасби ҷисм кушта шуд, аммо ба ҳасби рӯҳ зинда гардид,


Lean sinn:

Sanasan


Sanasan