13 Ва Мусо писарони Ҳорунро наздик овард, ва бар онҳо пероҳанҳоро пӯшонид, ва камарбандҳоро бар камари онҳо баст, ва кулоҳҳоро бар сари онҳо ниҳод, чунон ки Худованд ба Мусо амр фармуда буд.
Ва амъо ва почаҳоро бо об шуст; ва Мусо тамоми қӯчқорро бар қурбонгоҳ сӯзонид: ин қурбонии сӯхтанӣ ҳамчун атри гуворо ва қурбонии оташин барои Худованд буд, чунон ки Худованд ба Мусо амр фармуда буд.