Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -




Ибодат 8:1 - Китоби Муқаддас 1992 1999

1 Ва Худованд ба Мусо сухан ронда, гуфт:

Faic an caibideil Dèan lethbhreac




Ибодат 8:1
12 Iomraidhean Croise  

Ва Ҳорун ва писаронаш бар қурбонгоҳи қурбонии сӯхтанӣ ва бар қурбонгоҳи бухур қурбониҳо месӯзониданд ва ҳар корро дар қудси қудсҳо барои кафорати Исроил ба ҷо меоварданд, мувофиқи ҳар он чи Мусо, бандаи Худо, амр фармуда буд.


Ва ту бародарат Ҳорун ва писаронашро бо вай, аз миёни банӣ‐Исроил, ба худ муқарраб бикун, то ки вай ба Ман каҳонат намояд: Ҳорун, Нодоб ва Абиҳу, Элъозор ва Итомор, писарони Ҳорун.


Ва бо онҳо бародарат Ҳорун ва писаронашро ҳамроҳи ӯ ороста намо, ва онҳоро тадҳин бикун, ва онҳоро баргумор ва тақдис намо, то ки ба Ман каҳонат кунанд.


Ва ин аст он чи ту бояд барои тақдис кардани онҳо ба амал оварӣ, то ки ба Ман каҳонат намоянд: як гӯсолаи нар ва ду қӯчқори беайб бигир,


Ва либосҳои муқаддаси Ҳорун баъд аз ӯ аз они писаронаш хоҳад буд, то ки дар онҳо тадҳин намуда ва баргумошта шаванд.


Ва онҳоро, яъне Ҳорун ва писаронашро, бо камарбандҳо бибанд, ва кулоҳҳоро бар сарашон бимон, ва каҳонат барояшон фаризаи абадӣ хоҳад буд; ва Ҳорун ва писаронашро баргумор.


Ва тамоми кори маскани хаймаи ҷомеъ ба анҷом расид; ва банӣ‐Исроил онро сохтанд, мувофиқи ҳар он чи Худованд ба Мусо амр фармуда буд, амал карданд;


Ва Ҳорун ва писаронашро ба даромадгоҳи хаймаи ҷомеъ наздик биёр, ва онҳоро дар об ғусл деҳ.


Ки Худованд ба Мусо дар кӯҳи Сино амр фармуда буд, дар рӯзе ки ба банӣ‐Исроил дар биёбони Сино амр фармуд, ки қурбониҳои худро барои Худованд тақдим намоянд.


«Ҳорун, ва писаронашро бо ӯ, ва либосҳо, ва равғани тадҳин, ва гӯсолаи қурбонии гуноҳ, ва ду қӯчқор, ва сабади фатирҳоро бигир,


Ин аст номҳои писарони Ҳорун, коҳиноне ки тадҳин карда шуда буданд, ки ӯ онҳоро барои каҳонат баргумошт.


Lean sinn:

Sanasan


Sanasan