36 Ки ба онҳо додани онро Худованд амр фармуд, дар рӯзе ки онҳоро аз миёни банӣ‐Исроил тадҳин намуд. Ин фаризаи абадӣ дар наслҳои онҳост.
Дар хаймаи ҷомеъ, берун аз пардае ки бар сандуқи шаҳодат аст, бигзор онро Ҳорун ва писаронаш аз шом то субҳ ба ҳузури Худованд барафрӯзанд; ин фароизи абадӣ насл ба насли онҳо аз банӣ‐Исроил хоҳад буд.
Қонуни абадӣ барои ҳамаи наслҳои шумо дар ҳамаи масканҳои шумо ин аст, ки ҳеҷ чарбу ва ҳеҷ хунро нахӯред».
Ва аз равғани тадҳин бар сари Ҳорун рехта, ӯро тадҳин намуд, то ки ӯро тақдис кунад.
Ва Мусо аз равғани тадҳин ва аз хуне ки бар қурбонгоҳ буд, гирифт, ва бар Ҳорун, бар либосҳояш, ва бар писарони ӯ, ва бар либосҳои писарони ӯ бо ӯ пошид; ва Ҳорун ва либосҳояш, ва писарони ӯ ва либосҳои писарони ӯро бо ӯ тақдис кард.
Ва оё ӯро аз ҳамаи сибтҳои Исроил барои Худ ба коҳинӣ интихоб нанамудам, то ки бар қурбонгоҳи Ман баромада, бухур бисӯзонад ва ба ҳузури Ман эфӯд бипӯшад? Ва оё ҳамаи ҳадияҳоро аз қурбониҳои сӯхтании банӣ‐Исроил ба хонадони падарат набахшидам?