Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -




Ибодат 7:34 - Китоби Муқаддас 1992 1999

34 Зеро ки Ман синаи ҷунбониданӣ ва соқи пешкашро аз банӣ‐Исроил, аз забҳҳои саломатии онҳо гирифтам, ва онҳоро ба Хоруни коҳин ва писаронаш ба фаризаи абадӣ аз ҷониби банӣ‐Исроил додам».

Faic an caibideil Dèan lethbhreac




Ибодат 7:34
12 Iomraidhean Croise  

Ва синаи қӯчқори гумоштаниро, ки барои Ҳорун аст, бигир, ва онро баланд бардошта, ба ҳузури Худованд ҷунбонида‐ҷунбонида биёр; ва ин ҳиссаи ту хоҳад буд.


Ва онҳоро, яъне Ҳорун ва писаронашро, бо камарбандҳо бибанд, ва кулоҳҳоро бар сарашон бимон, ва каҳонат барояшон фаризаи абадӣ хоҳад буд; ва Ҳорун ва писаронашро баргумор.


Қонуни абадӣ барои ҳамаи наслҳои шумо дар ҳамаи масканҳои шумо ин аст, ки ҳеҷ чарбу ва ҳеҷ хунро нахӯред».


Ҳар кӣ аз писарони Ҳорун хуни қурбонии саломатӣ ва чарбуро тақдим менамояд, соқи рост ҳиссаи ӯ хоҳад буд.


Ва ҳар ҳадия аз ҳамаи вақфҳои банӣ‐Исроил, ки назди коҳин меоваранд, аз они ӯ хоҳад буд.


Ва коҳин онҳоро ҳамчун инъоми ҷунбониданӣ ба ҳузури Худованд меҷунбонад: ин барои коҳин, ба замми синаи ҷунбониданӣ ва соқи пешкаш, муқаддас аст; баъд аз ин назир метавонад шароб нӯшад.


Ва бигзор Ҳорун левизодагонро ба ҳузури Худованд аз ҷониби банӣ‐Исроил ҳамчун инъоми ҷунбониданӣ ба ҷунбиш оварад, то ки онҳо барои иҷрои хизмати Худованд тақдис ёбанд.


Ва ин аст ҳаққи коҳинон аз ҷониби қавм, аз ҷониби онҳое ки гов ё гӯсфандро забҳ мекунанд: онҳо бояд соқи пеш ва ҷоғҳо ва ишкамбаро ба коҳин бидиҳанд.


Lean sinn:

Sanasan


Sanasan