Ва синаи ҷунбониданӣ ва соқи пешкашро ту ва писаронат ва духтаронат бо ту дар макони пок бихӯред, зеро ки инҳо аз забҳҳои саломатии банӣ‐Исроил барои ҳиссаи ту ва ҳиссаи фарзандони ту дода шудааст.
Зеро ки Ман синаи ҷунбониданӣ ва соқи пешкашро аз банӣ‐Исроил, аз забҳҳои саломатии онҳо гирифтам, ва онҳоро ба Хоруни коҳин ва писаронаш ба фаризаи абадӣ аз ҷониби банӣ‐Исроил додам».
Ва таббох ронро бо ҳар чи бар он буд, бардошта пеши Шоул гузошт ва гуфт: «Инак, он чи нигоҳ дошта шуда буд, пеши ту гузошта шуд; бихӯр, зеро ки он барои ту то ҳамин дам нигоҳ дошта шудааст, аз вақте ки гуфтам: „Қавмро даъват намудаам“». Ва Шоул дар он рӯз бо Самуил хӯрок хӯрд.