26 Ва ҳеҷ хунро, — хоҳ аз они паранда бошад, хоҳ аз они чорпо, — дар масканҳои худ нахӯред.
Фақат гӯштро бо ҷони он, яъне бо хуни он, нахӯред.
Бо гов ва гӯсфанди худ низ чунин бикун; бигзор ҳафт рӯз назди модари худ бошад, дар рӯзи ҳаштум онро ба Ман бидеҳ.
Бинобар ин ба онҳо бигӯй: „Худованд Худо чунин мегӯяд: гӯштро бо хуни он мехӯред, ва чашмони худро сӯи бутҳои худ баланд мекунед, ва хун мерезед, — оё ин заминро мерос хоҳед гирифт?
Ҳеҷ чизро бо хун нахӯред; фол накушоед ва афсун накунед.
Қонуни абадӣ барои ҳамаи наслҳои шумо дар ҳамаи масканҳои шумо ин аст, ки ҳеҷ чарбу ва ҳеҷ хунро нахӯред».
Зеро ҳар кӣ чарбуи чорпоеро, ки аз он қурбонии оташин барои Худованд тақдим карда мешавад, бихӯрад, — он касе ки хӯрда бошад, аз миёни қавми худ маҳв хоҳад шуд.
Ҳар кӣ ҳар гуна хунро бихӯрад, — он кас аз миёни қавми худ маҳв хоҳад шуд».
Исо ба онҳо гуфт: «Ба ростӣ, ба ростӣ ба шумо мегӯям: агар Бадани Писари Одамро нахӯред ва Хуни Ӯро нанӯшед, дар худ ҳаёт надоред;
Балки ба онҳо фақат дастуре бинависем, ки аз наҷосати бутҳо, аз зино, аз гӯшти ҳайвоноти буғишуда ва аз хун парҳез кунанд;
Аз қурбониҳои бутҳо, аз ҳун, аз гӯшти ҳайвоноти буғишуда ва аз зино парҳез кунед; ҳар гоҳ аз ин чизҳо худро нигоҳ доред, кори хубе мекунед. Саломат бошед».
Дар Ӯ мо бо Хуни Ӯ фидияе ва омурзиши гуноҳҳоро бар ҳасби сарвати файзи Ӯ пайдо кардаем,
Лекин хунро нахӯред; онро мисли об бар замин бирезед.
Фақат эҳтиёт бош, ки хунро нахӯрӣ, зеро ки хун ҷон аст, ва ту ҷонро бо гӯшт нахӯр.
Лекин хуни онро нахӯр: онро мисли об бар замин бирез.
Зеро ки ҳар офаридаи Худо хуб аст, ва ҳеҷ чиз набояд рад карда шавад, агар онро бо шукргузорӣ бихӯранд,