25 Зеро ҳар кӣ чарбуи чорпоеро, ки аз он қурбонии оташин барои Худованд тақдим карда мешавад, бихӯрад, — он касе ки хӯрда бошад, аз миёни қавми худ маҳв хоҳад шуд.
Вале наринаи номахтун, ки ғилофаки худро хатна накарда бошад, он кас аз байни халқи худ маҳв гардад; вай аҳди Маро поймол кардааст».
Ва инро аз дасти онҳо гирифта, бар қурбонгоҳ бо қурбонии сӯхтанӣ бисӯзон, то ки атри гуворо ба ҳузури Худованд бошад, чунки ин қурбонии оташин барои Худованд аст.
Қонуни абадӣ барои ҳамаи наслҳои шумо дар ҳамаи масканҳои шумо ин аст, ки ҳеҷ чарбу ва ҳеҷ хунро нахӯред».
Вале агар касе аз гӯшти забҳи саломатӣ, ки барои Худованд аст, бихӯрад, дар ҳолате ки наҷосати ӯ бар ӯ бошад, он кас аз миёни қавми худ маҳв хоҳад шуд.
Ва агар касе ба ҳар чизи наҷис, хоҳ ба наҷосати одамизод, хоҳ ба чорпои наҷис, хоҳ ба ҳар чизи зишти наҷис бирасад, ва аз гӯшти забҳи саломатӣ, ки барои Худованд аст, бихӯрад, — он кас аз миёни қавми худ маҳв хоҳад шуд».
Ва чарбуи чорпои мурда ва чарбуи чорпои даридашударо барои ҳар кор истеъмол кардан мумкин аст, вале ба ҳеҷ ваҷҳ онро нахӯред.
Ва ҳеҷ хунро, — хоҳ аз они паранда бошад, хоҳ аз они чорпо, — дар масканҳои худ нахӯред.
Ҳар кӣ ҳар гуна хунро бихӯрад, — он кас аз миёни қавми худ маҳв хоҳад шуд».