Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -




Ибодат 7:16 - Китоби Муқаддас 1992 1999

16 Ва агар забҳи қурбонии ӯ аз рӯи назр ё хайрот бошад, забҳи ӯ бояд дар рӯзи қурбонӣ шуданаш хӯрда шавад; ва бақияи онро рӯзи дигар хӯрдан мумкин аст.

Faic an caibideil Dèan lethbhreac




Ибодат 7:16
17 Iomraidhean Croise  

Ҳамаи мардон ва занони банӣ‐Исроил, ки дилашон моил буд барои ҳар коре биёранд, ки ба ҷо овардани онро Худованд ба воситаи Мусо амр фармуда буд, ҳадияи ихтиёрӣ барои Худованд меоварданд.


«Қурбониҳои саломатӣ бар зиммаи ман буд: имрӯз назрҳои худро адо кардам.


Ва ҳангоме ки раис қурбонии ихтиёрӣ мекунад, яъне барои Худованд ба таври ихтиёрӣ қурбонии сӯхтанӣ ё қурбониҳои саломатӣ меоварад, бигзор дарвозаеро, ки рӯ ба ҷониби шарқ аст, барои ӯ кушоянд, ва ӯ қурбонии сӯхтании худ ва қурбониҳои саломатии худро забҳ намояд, чунон ки дар рӯзи шанбе забҳ менамояд; ва ӯ берун равад, ва баъд аз рафтанаш дарвозаро бибанданд.


Ва гов ва гӯсфанде ки ягон андомаш аз ҳад зиёд дароз ё кӯтоҳ бошад, — онро ҳамчун инъом тақдим намо, вале ҳамчун назр мақбул нахоҳад афтод.


Ва ҳангоме ки забҳи шукрона барои Худованд тақдим менамоед, онро тавре тақдим намоед, ки сазовори таваҷҷӯҳ гардед:


Ба замми қурбониҳои шанбеҳои Худованд, ва ба замми ушрҳои шумо, ва ба замми ҳамаи назрҳои шумо, ва ба замми ҳамаи инъомҳои шумо, ки барои Худованд тақдим менамоед.


Инак, бар кӯҳҳо пойҳои башоратдиҳандае ки аз сулҳу осоиштагӣ хабар медиҳад: идҳои худро, эй Яҳудо, ид намо, назрҳои худро ба ҷо биёр, зеро ки шарир дигар аз ту қадамгузор нахоҳад шуд: вай саросар маҳв гардидааст.


Ва қурбонии оташин барои Худованд бихоҳед тақдим намоед, чи қурбонии сӯхтанӣ, чи забҳе барои иҷрои назр, ё барои хайрот, ё дар идҳои худ, то ки атри гуворо барои Худованд аз говон ё аз гӯсфандон ба амал оваред, —


Он гоҳ кадом маконе ки Худованд Худои шумо баргузинад, то ки исми Худро дар он сокин гардонад, ба он ҷо ҳар он чиро, ки ман ба шумо амр фармоям, биёред, яъне қурбониҳои сӯхтанӣ ва забҳҳои худ, ушрҳо ва ҳадияҳои афроштании дастҳои худ, ва ҳар гузини назрҳои худро, ки барои Худованд назр намоед;


Ту наметавонӣ дар шаҳрҳои худ ушри ғалла ва шираи ангур ва равғани зайтуни худро, ва нахустзодаҳои говон ва гӯсфандони худро, ва ҳар назреро, ки назр карда бошӣ, ва хайроти худ ва ҳадияҳои афроштании дастҳои худро бихӯрӣ;


Фақат қурбониҳои муқаддаси худро, ки дошта бошӣ, ва назрҳои худро бардошта, ба маконе ки Худованд баргузинад, биё.


Ва курбониҳои сӯхтанӣ ва забҳҳои худ, ва ушрҳои худ, ва ҳадияҳои афроштании дастҳои худ, ва назрҳои худ, ва хайроти худ, ва нахустзодаҳои говон ва гӯсфандони худро ба он ҷо биёред.


Lean sinn:

Sanasan


Sanasan