14 Ва аз он якеро аз ҳар қурбонӣ ҳамчун ҳадия барои Худованд тақдим менамояд; ин аз они коҳине ки хуни забҳи саломатиро мепошад, хоҳад буд.
Коҳине ки қурбонии гуноҳро ба амал меоварад, метавонад онро бихӯрад; он бояд дар макони муқаддас, дар саҳни хаймаи ҷомеъ хӯрда шавад.
Ҳамаи ҳадияҳоро аз қурбониҳое ки банӣ‐Исроил ба Худованд тақдим менамоянд, ба ту, ва ба писарону духтаронат бо ту, ба фаризаи доимӣ медиҳам; ин ба ҳузури Худованд барои ту, ва барои насли ту бо ту, аҳди намак то абад хоҳад буд».
Инро аз ҳиссаи онҳо гирифта, ба Элъозори коҳин бидеҳ, то ки ҳадия барои Худованд бошад.
Ва Мусо ин хироҷро, ки ҳадия барои Худованд буд, ба Элъозори коҳин дод, чунон ки Худованд ба Мусо амр фармуда буд.
Ба Исроил ба ҳасби ҷисм нигоҳ кунед: оё онҳое ки қурбониҳоро мехӯранд, шарики қурбонгоҳ нестанд?
Бигзор онҳо ҳиссаҳои баробар бихӯранд, ғайр аз он чи вай аз фурӯхтани молу мулки худ пайдо карда бошад.