Ва қурбонгоҳи Худовандро аз нав бино кард, ва қурбониҳои саломатӣ ва шукрона бар он забҳ намуд; ва ба аҳли Яҳудо амр фармуд, ки Худованд Худои Исроилро ибодат намоянд.
Ва як гӯсфанд аз рамаи дорои дусад сар гӯсфанд аз чарогоҳи сероби Исроил, барои ҳадияи ордӣ ва қурбонии сӯхтанӣ ва қурбониҳои саломатӣ бидиҳанд, то ки барояшон кафорат гардад, мегӯяд Худованд Худо.