10 Ва ҳар ҳадияи ордӣ, хоҳ бо равған омехта, хоҳ хушк бошад, аз они тамоми банӣ‐Ҳорун хоҳад буд, бе он ки аз якдигар тафовуте дошта бошанд.
Ва ҳангоме ки бо ӯмар чен карданд, он ки бисьёр чида буд, зиёдатӣ надошт, ва он ки кам чида буд, камӣ надошт: ҳар яке ба андозаи хӯрданаш чида буд.
Ва ин аст қонуни забҳи саломатӣ, ки ба Худованд тақдим карда мешавад.
Ва ҳар ҳадияи ордӣ, ки дар танӯр пухта шудааст, ва ҳар он чи дар дег ва бар тоба тайёр карда шудааст, аз они коҳине ки онро тақдим менамояд, хоҳад буд.
Алҳол зиёдатии шумо камии онҳоро пур мекунад, то ки баъд зиёдатии онҳо низ камии шуморо пур кунад, ва баробарӣ ба амал ояд,