8 Ва Худованд ба Мусо сухан ронда, гуфт:
Агар қурбонии ӯ қурбонии сӯхтание аз гала бошад, бигзор чорпои нари беайбро тақдим намояд; онро назди дари хаймаи ҷомеъ тақдим намояд, то ки ба ҳузури Худованд таваҷҷӯҳ ёбад.
Ва писарони Ҳоруни коҳии бар қурбонгоҳ оташ гузошта, ҳезум бар оташ мечинанд.
Ва коҳин гуноҳи ӯро ба ҳузури Худованд кафорат менамояд, ва ӯ дар ҳар коре ки карда муҷрим гардидааст, омурзида хоҳад шуд».
«Ба Ҳорун ва писаронаш амр фармуда, бигӯ: ин аст қонуни қурбонии сӯхтанӣ: бигзор қурбонии сӯхтанӣ тамоми шаб то субҳ бар оташдони қурбонгоҳ бошад, ва оташи қурбонгоҳ бар он бисӯзад.