6 Ва барои қурбонии ҷурми худ бигзор ба Худованд қӯчқори беайбе аз рама, мувофиқи қиматдиҳии ту, ҳамчун қурбонии ҷурм назди коҳин биёрад.
Ва онҳо дасти паймон доданд, ки занони худро бадар хоҳанд ронд, ва гуноҳкорон қӯчқоре барои қурбонии гуноҳи худ оварданд;
Ва навбарҳои замини худ ва навбарҳои ҳар меваи ҳар дарахтро сол ба сол ба хонаи Худованд биёрем;
Ва утоқе ки рӯ ба ҷониби шимол аст, барои коҳинонест, ки ба тартиботи қурбонгоҳ нигаҳбонӣ мекунанд; инҳо писарони Содӯқ, аз банӣ‐Левӣ мебошанд, ки ба Худованд наздик меоянд, то ба Ӯ хизмат кунанд.
Ва коҳин як барраро мегирад, ва онро бо як лӯҷ равған барои қурбонии ҷурм тақдим менамояд, ва онҳоро ҳамчун инъоми ҷунбониданӣ ба ҳузури Худованд меҷунбонад.
«Агар касе хиёнат намуда, саҳван дар ҳаққи чизҳои муқаддаси Худованд гуноҳ кунад, бигзор ҳамчун курбонии ҷурми худ аз рама, дар асоси қиматдиҳии ту бо сиқлҳои нуқра, мувофиқи сиқли муқаддас, қӯчқори беайбе барои қурбонии ҷурм ба Худованд тақдим намояд;
Ва бигзор аз рама, дар асоси қиматдиҳии ту, қӯчқори беайбе барои қурбонии ҷурм назди коҳин биёрад; ва коҳин саҳверо, ки ӯ кардааст, вале надонистааст, кафорат менамояд, ва ӯ омурзида хоҳад шуд.
Ва агар баррае барои ӯ дастрас набошад, бигзор ҳамчун қурбонии ҷурми худ барои гуноҳе ки кардааст, ду фохта ё ду чӯҷаи кабӯтарро ба Худованд тақдим намояд: яке — барои қурбонии гуноҳ, ва дигаре — барои қурбонии сӯхтанӣ.