Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -




Ибодат 6:4 - Китоби Муқаддас 1992 1999

4 Пас, модоме ки ӯ гуноҳ карда, муҷрим гардидааст, ӯ бояд он чиро, ки дуздидааст, ё он чиро, ки бо роҳи фиреб ба даст овардааст, ё он чиро, ки назди ӯ амонат гузошта шудааст, ё чизи гумшударо, ки ёфтааст, баргардонад.

Faic an caibideil Dèan lethbhreac




Ибодат 6:4
20 Iomraidhean Croise  

Ва Иброҳим Абималикро мазаммат намуд аз боиси чоҳи обе ки ғуломони Абималик бо зӯрӣ гирифта буданд.


Худи имрӯз киштзорҳо, токзорҳо, боғҳои зайтун ва хонаҳои онҳоро, ва даъвои пул ва ғалла ва шароб ва равғанеро, ки шумо ба онҳо қарз додаед, ба онҳо баргардонед!»


Зеро ки ӯ бар бенавоён зулм карда, онҳоро партофтааст; хонаеро, ки бино накардааст, тороҷ намудааст.


Марзаҳоро мекӯчонанд; рамаро медузданд ва мечаронанд.


Тори анкабӯти онҳо барои либос кор намеояд, ва онҳо худро бо самари аъмолашон наметавонанд пӯшонанд; аъмоли онҳо аъмоли ҷафост, ва кори ситам дар дасти онҳост.


Мискин ва бенаворо фиреб диҳад, ғорат намояд, гаравро барнагардонад, ва чашмонашро сӯи бутҳо баланд кунад, корҳои зиштро ба ҷо оварад,


Падари вай, азбаски бо истисмор машғул буд, бародарашро ғорат менамуд, ва андаруни қавми худ корҳои бад мекард, инак ӯ ба гуноҳи худ хоҳад мурд.


Ва ҳеҷ касро ба танг наоварад, ба қарздор гарави варо баргардонад, ғорат накунад, нони худро ба гуруснае бидиҳад ва бараҳнаро либосе бипӯшонад,


Яъне ин шарир моли гаравиро баргардонад, баҳои он чиро, ки дуздидааст, адо кунад, бар тибқи фароизи ҳаёт рафтор намояд, бе он ки ноинсофие ба амал оварад, ӯ албатта зинда хоҳад монд ва нахоҳад мурд.


Ва ҳангоме ки ба саҳни берунӣ, ба саҳни берунӣ назди қавм берун оянд, либосҳои худро, ки бо онҳо хизмат мекунанд, бояд кашида, дар утоқҳои муқаддас бимонанд, ва либосҳои дигар бипӯшанд, то ки бо либосҳои худ қавмро тақдис нанамоянд.


Ва агар касе чорпоеро бикушад, бояд талофии онро бидиҳад: чорпое дар ивази чорпое.


Ҳар кӣ чорпоеро кушта бошад, бояд талофии онро бидиҳад; ва ҳар кӣ одамро кушта бошад, бояд кушта шавад.


Яъне тамоми гӯсоларо бояд ба беруни ӯрдугоҳ, ба макони пок, ки он ҷо хокистарро мерезанд, бибарад, ва онро бар ҳезум дар оташ бисӯзонад; дар маконе ки хокистарро мерезанд, бигзор сӯзонида шавад.


«Ва онҳо росткориро намедонанд», мегӯяд Худованд, «самараи зулм ва тороҷро дар қасрҳои худ захира мекунанд».


Ва чун саҳроҳоро тамаъ кунанд, — зер карда мегиранд, ва хонаҳоро тамаъ кунанд, — бо зӯрӣ тасарруф менамоянд; ва дар ҳаққи марде ва хонаи вай, ва шахсе ва мероси вай ситам мекунанд.


Ва дар он рӯз ҳамаи онҳоеро, ки аз остона ҷаста мегузаранд, ва хонаи оғои худро аз ситам ва макр пур мекунанд, муҷозот хоҳам намуд».


Ва мегӯед: «Ин чӣ заҳмат аст!». Ва ба он беэътиноӣ мекунед, мегӯяд Худованди лашкарҳо, ва ҳайвони даридашуда, ва ланг, ва касалро меоваред, ва инро барои ҳадия меоваред; оё Ман онро аз дасти шумо метавонам қабул кунам? — мегӯяд Худованд.


Бигзор гуноҳеро, ки вай ба амал овардааст, эътироф намояд, ва он чиро, ки дар он гуноҳкор шудааст, пурра баргардонад, ва панҷьяки қимати онро бар он илова намуда, ба касе ки дар ҳаққаш гуноҳ кардааст, бидиҳад.


Lean sinn:

Sanasan


Sanasan