Бигзор пероҳани катони муқаддасро дар бар кунад, ва эзори катон бар баданаш бошад, ва камарбанди катонро бибандад, ва аммомаи катонро бипӯшад: инҳо либосҳои муқаддас аст; ва бадани худро дар об ғусл дода, онҳоро дар бар кунад.
Ва Ман барои доварӣ назди шумо хоҳам омад, ва ба зидди ҷодугарон ва зинокорон ва касоне ки қасами дурӯғ мехӯранд, ва ба зидди онҳое ки музди муздур, бева ва ятимро намедиҳанд, ва нисбат ба ғарибе каҷкорӣ мекунанд, ва аз Ман наметарсанд, бо зудӣ шаҳодат хоҳам дод, мегӯяд Худованди лашкарҳо.