Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -




Ибодат 6:25 - Китоби Муқаддас 1992 1999

25 «Ба Ҳорун ва писаронаш бигӯ: Ин аст қонун дар бораи қурбонии гуноҳ: дар маконе ки қурбонии сӯхтанӣ забҳ карда мешавад, қурбонии гуноҳ низ бояд ба ҳузури Худованд дар он ҷо забҳ карда шавад; ин қудси қудсҳост.

Faic an caibideil Dèan lethbhreac




Ибодат 6:25
13 Iomraidhean Croise  

Ва ӯ дасти худро бар сари нарбуз мемонад, ва онро дар маконе ки қурбонии сӯхтанӣ забҳ мекунанд, ба ҳузури Худованд забҳ менамояд. Ин қурбонии гуноҳ аст.


Ва онро бар тарафи шимолии қурбонгоҳ ба ҳузури Худованд забҳ мекунад, ва писарони Ҳорун, коҳинон, хуни онро бар қурбонгоҳ гирдогирд мепошанд.


Ва ӯ дасти худро бар сари қурбонии гуноҳ мемонад, ва ин қурбонии гуноҳро дар маконе ки қурбонии сӯхтанӣ забҳ мекунанд, забҳ менамояд.


Ва гӯсоларо ба ҳузури Худованд забҳ мекунад, ва писарони Ҳорун, коҳинон, хунро наздик меоваранд, ва хунро бар қурбонгоҳе ки назди хаймаи ҷомеъ аст, гирдогирд мепошанд.


Агар қурбонии ӯ қурбонии сӯхтание аз гала бошад, бигзор чорпои нари беайбро тақдим намояд; онро назди дари хаймаи ҷомеъ тақдим намояд, то ки ба ҳузури Худованд таваҷҷӯҳ ёбад.


Он набояд бо хамиртуруш пухта шавад; онро аз ҳадияҳои оташини Худ ҳамчун ҳиссаи онҳо додаам. Он мисли қурбонии гуноҳ ва қурбонии ҷурм қудси қудсҳо мебошад.


Нони Худои худро вай аз он чи қудси қудсҳост, ва аз он чи ҳадияҳои муқаддас аст, метавонад бихӯрад.


Ва Худованд ба Мусо сухан ронда, гуфт:


Ҳар мардина аз миёни коҳинон метавонад онро бихӯрад; ин қудси қудсҳост.


Қурбонии гуноҳ монанди қурбонии ҷурм аст, яъне қонуни онҳо як аст: он аз они коҳинест, ки ба воситаи он кафорат менамояд.


Ва ба ман гуфт: «Утоқҳои шимолӣ ва утоқҳои ҷанубӣ, ки пеши ялангӣ мебошанд, утоқҳои муқаддасанд, ва коҳиноне ки ба Худованд наздик меоянд, қурбониҳои муқаддасро дар онҳо мехӯранд; қурбониҳои муқаддасро, яъне ҳадияи ордӣ, қурбонии гуноҳ ва курбонии ҷурмро дар он ҷо мегузоранд, зеро ки ин макон муқаддас аст.


Lean sinn:

Sanasan


Sanasan