Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -




Ибодат 6:23 - Китоби Муқаддас 1992 1999

23 Ва ҳар ҳадияи ордии коҳин бояд комилан сӯзанда бошад, яъне хӯрда нашавад».

Faic an caibideil Dèan lethbhreac




Ибодат 6:23
8 Iomraidhean Croise  

Ва гӯсолаи қурбонии гуноҳ ва нарбузи қурбонии гуноҳро, ки хунашон барои кафорат ба қудс дароварда шуда буд, бигзор аз ӯрдугоҳ берун оваранд, ва пӯсти онҳо ва гӯшти онҳо ва саргини онҳоро дар оташ бисӯзонанд.


Ва он чи аз ҳадияи ордӣ боқӣ мемонад, аз они Ҳорун ва писаронаш хоҳад буд; ин қудси қудсҳост аз ҳадияҳои оташини Худованд.


Яъне тамоми гӯсоларо бояд ба беруни ӯрдугоҳ, ба макони пок, ки он ҷо хокистарро мерезанд, бибарад, ва онро бар ҳезум дар оташ бисӯзонад; дар маконе ки хокистарро мерезанд, бигзор сӯзонида шавад.


Ва гӯсоларо аз ӯрдугоҳ берун бароварда, онро месӯзонад, чунон ки гӯсолаи аввалро сӯзонид. Ин қурбонии гуноҳи ҷамоат аст.


Ва коҳини тадҳиншуда аз хуни гӯсола мегирад, ва онро ба хаймаи ҷомеъ дохил мекунад.


Ва коҳини тадҳиншуда, ки дар ҷои ӯ аз писаронаш хоҳад буд, инро бояд ба амал оварад; ин фаризаи абадист: он бояд комилан барои Худованд сӯзонида шавад.


Ва Худованд ба Мусо сухан ронда, гуфт:


Lean sinn:

Sanasan


Sanasan