21 Он бояд бар тоба бо равған тайёр карда шавад; онро бо оби ҷӯш омехта, ҳамчун ҳадияи ордии иборат аз нончаҳои бирьён биёр; барои атри гуворо ба Худованд тақдим намо.
Ва низ бар нони тақдим, ва бар орди маҳин барои ҳадияи ордӣ, ва бар чалпакҳои фатирӣ, ва бар ҳадияҳои бирьён ва пухта, ва бар ҳар андозаи моеӣ ва вазн;
Агар касе онро барои шукрона тақдим намояд, ӯ бояд бо забҳи шукрона қурсҳои фатири бо равған омехташуда, ва нончаҳои тунуки фатири равған молидашуда, ва аз орди маҳине ки бо оби ҷӯш омехтааст, қурсҳои бо равған омехташуда тақдим намояд;
Ва ҳар ҳадияи ордӣ, ки дар танӯр пухта шудааст, ва ҳар он чи дар дег ва бар тоба тайёр карда шудааст, аз они коҳине ки онро тақдим менамояд, хоҳад буд.