Аз ақсои замин мо сурудҳоро шунидаем: «Одилро ҷалол бод!» Ва ман гуфтам: «Дареғо бар ман! Дареғо бар ман! Вой бар ман! Хоинон хиёнат кардаанд, ва хоинон хиёнат бар хиёнат зам кардаанд».
Ки мегӯед: «Навмоҳ кай мегузарад, то ки ғалларо бифрӯшем; ва шанбе кай мегузарад, то ки анборҳои ғалларо бикшоем, вазнро кам ва қиматро зиёд кунем, ва бо тарозуи нодуруст фиреб диҳем,
Чашмони Ту он қадар пок аст, ки наметавонӣ шароратро бубинӣ ва ба хабосат назар андозӣ; пас чаро ба ғаддорон назар меандозӣ, ва ҳангоме ки шарир шахси аз худаш одилтарро фурӯ мебарад, хомӯш мемонӣ?
Оё он чи доштӣ, аз они ту набуд? Оё он чи баъд аз фурӯхтан пайдо кардӣ, дар ихтиёри ту набуд? Чаро чунин фикрро дар дили худ ҷо додӣ? Ту на ба одамизод, балки ба Худо дурӯғ гуфтӣ».