18 Ҳар мардина аз миёни писарони Ҳорун метавонад онро бихӯрад, — ин фаризаи абадӣ барои наслҳои шумо аз ҳадияҳои оташини Худованд мебошад; ҳар кӣ ба онҳо бирасад, тақдис хоҳад ёфт».
Ҳафт рӯз бар қурбонгоҳ кафорат бикун, ва онро тақдис намо, ва қурбонгоҳ қудси қудсҳо хоҳад буд; ҳар чизе ки ба қурбонгоҳ бирасад, муқаддас хоҳад гардид.
Қонуни абадӣ барои ҳамаи наслҳои шумо дар ҳамаи масканҳои шумо ин аст, ки ҳеҷ чарбу ва ҳеҷ хунро нахӯред».
Ва ӯ дасти худро бар сари нарбуз мемонад, ва онро дар маконе ки қурбонии сӯхтанӣ забҳ мекунанд, ба ҳузури Худованд забҳ менамояд. Ин қурбонии гуноҳ аст.
Агар коҳини тадҳиншуда гуноҳе карда, сабаби гуноҳкор шудани қавм гардида бошад, — бигзор барои гуноҳе ки кардааст, гӯсолаи беайберо аз галаи говон барои қурбонии гуноҳ ба Худованд тақдим намояд.
Ва ӯ дасти худро бар сари ин қурбонии гуноҳ мемонад, ва онро ҳамчун қурбонии гуноҳ дар маконе ки қурбонии сӯхтанӣ забҳ мекунанд, забҳ менамояд.
Ва бигзор коҳин пероҳани катони худро бипӯшад, ва эзори катоне бар бадани худ бипӯшад, ва хокистари қурбонии сӯхтаниро, ки оташ бар қурбонгоҳ сӯзонидааст, бардорад, ва онро назди қурбонгоҳ бимонад;
Ва Худованд ба Мусо сухан ронда, гуфт:
Ҳар чизе ки ба гӯшти он мерасад, тақдис меёбад; ва агар хуни он бар либосе пошида шавад, он чиро, ки бар он пошида шудааст, дар макони муқаддас бишӯй.
Ҳар мардина аз миёни коҳинон метавонад онро бихӯрад; ин қудси қудсҳост.
Ҳар мардина аз миёни коҳинон онро метавонад бихӯрад; он бояд дар макони муқаддас хӯрда шавад. Ин қудси қудсҳост.
Онро дар макони муқаддас бихӯред; ҳар мардина метавонад аз он бихӯрад. Он барои ту муқаддас аст.
Ва Худованд ба Ҳорун гуфт: «Инак, Ман бақияи ҳадияҳои Худро аз ҳамаи қурбониҳои муқаддаси банӣ‐Исроил ба ту бахшидам, онҳоро ба ту ва писаронат ба фаризаи доимӣ насиб кардам.
Магар намедонед, ки онҳое ки дар маъбад хизмат мекунанд, аз маъбад мехӯранд? Ва ходимони қурбонгоҳ аз қурбонгоҳ ҳиссае мегиранд?
Зеро ки навишта шудааст: «Муқаддас бошед, чунки Ман муқаддас ҳастам».
Лекин шумо насли баргузида, каҳонати шоҳона, халқи муқаддас, қавме ҳастед, ки мулки азизи Худо дониста шудаед, то аз камолоти Ӯ, ки шуморо аз зулмот ба рӯшноии аҷоиби Худ даъват намудааст, нақл кунед, —