Ва оташе ки бар қурбонгоҳ аст, бигзор фурӯзон буда, хомӯш нашавад; ва бигзор коҳин бар он ҳар субҳ ҳезум бисӯзонад, ва қурбонии сӯхтаниро бар он бимонад, ва чарбуи забҳи саломатиро бар он бисӯзонад.
«Ба Ҳорун ва писаронаш амр фармуда, бигӯ: ин аст қонуни қурбонии сӯхтанӣ: бигзор қурбонии сӯхтанӣ тамоми шаб то субҳ бар оташдони қурбонгоҳ бошад, ва оташи қурбонгоҳ бар он бисӯзад.
Ва оташе аз ҳузури Худованд берун омада, қурбонии сӯхтанӣ ва чарбуро бар қурбонгоҳ сӯзонид, ва тамоми қавм инро дида, ба ваҷд омаданд, ва бар рӯи худ афтоданд.