Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -




Ибодат 6:12 - Китоби Муқаддас 1992 1999

12 Ва оташе ки бар қурбонгоҳ аст, бигзор фурӯзон буда, хомӯш нашавад; ва бигзор коҳин бар он ҳар субҳ ҳезум бисӯзонад, ва қурбонии сӯхтаниро бар он бимонад, ва чарбуи забҳи саломатиро бар он бисӯзонад.

Faic an caibideil Dèan lethbhreac




Ибодат 6:12
14 Iomraidhean Croise  

Ва овардани ҳадияи ҳезумро дар вақтҳои муайян, ва навбарҳоро низ. Маро, эй Худои ман, ба некӯӣ ба ёд овар!


Ва утоқе ки рӯ ба ҷониби шимол аст, барои коҳинонест, ки ба тартиботи қурбонгоҳ нигаҳбонӣ мекунанд; инҳо писарони Содӯқ, аз банӣ‐Левӣ мебошанд, ки ба Худованд наздик меоянд, то ба Ӯ хизмат кунанд.


Ва либосҳои худро кашида, либосҳои дигар бипӯшад, ва хокистарро берун аз ӯрдугоҳ ба макони поке барорад.


Оташи доимӣ бигзор бар қурбонгоҳ фурӯзон буда, хомӯш нашавад.


«Ба Ҳорун ва писаронаш амр фармуда, бигӯ: ин аст қонуни қурбонии сӯхтанӣ: бигзор қурбонии сӯхтанӣ тамоми шаб то субҳ бар оташдони қурбонгоҳ бошад, ва оташи қурбонгоҳ бар он бисӯзад.


Ва оташе аз ҳузури Худованд берун омада, қурбонии сӯхтанӣ ва чарбуро бар қурбонгоҳ сӯзонид, ва тамоми қавм инро дида, ба ваҷд омаданд, ва бар рӯи худ афтоданд.


Балки кадом як интизории пурдаҳшати доварӣ ва шиддати оташе ки хасмҳоро ба коми худ хоҳад кашид.


Lean sinn:

Sanasan


Sanasan