Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -




Ибодат 6:11 - Китоби Муқаддас 1992 1999

11 Ва либосҳои худро кашида, либосҳои дигар бипӯшад, ва хокистарро берун аз ӯрдугоҳ ба макони поке барорад.

Faic an caibideil Dèan lethbhreac




Ибодат 6:11
14 Iomraidhean Croise  

Ҳафт рӯз бар қурбонгоҳ кафорат бикун, ва онро тақдис намо, ва қурбонгоҳ қудси қудсҳо хоҳад буд; ҳар чизе ки ба қурбонгоҳ бирасад, муқаддас хоҳад гардид.


Ва ҳангоме ки ба саҳни берунӣ, ба саҳни берунӣ назди қавм берун оянд, либосҳои худро, ки бо онҳо хизмат мекунанд, бояд кашида, дар утоқҳои муқаддас бимонанд, ва либосҳои дигар бипӯшанд, то ки бо либосҳои худ қавмро тақдис нанамоянд.


Ва гӯсолаи қурбонии гуноҳ ва нарбузи қурбонии гуноҳро, ки хунашон барои кафорат ба қудс дароварда шуда буд, бигзор аз ӯрдугоҳ берун оваранд, ва пӯсти онҳо ва гӯшти онҳо ва саргини онҳоро дар оташ бисӯзонанд.


Ва он аз они Ҳорун ва писаронаш хоҳад буд, ва онҳо бояд онро дар макони муқаддас бихӯранд, зеро ки ин аз қурбониҳои оташини Худованд барояшон қудси қудсҳост; ин фаризаи абадист».


Яъне тамоми гӯсоларо бояд ба беруни ӯрдугоҳ, ба макони пок, ки он ҷо хокистарро мерезанд, бибарад, ва онро бар ҳезум дар оташ бисӯзонад; дар маконе ки хокистарро мерезанд, бигзор сӯзонида шавад.


Ва гӯсоларо аз ӯрдугоҳ берун бароварда, онро месӯзонад, чунон ки гӯсолаи аввалро сӯзонид. Ин қурбонии гуноҳи ҷамоат аст.


Ва бигзор коҳин пероҳани катони худро бипӯшад, ва эзори катоне бар бадани худ бипӯшад, ва хокистари қурбонии сӯхтаниро, ки оташ бар қурбонгоҳ сӯзонидааст, бардорад, ва онро назди қурбонгоҳ бимонад;


Ва оташе ки бар қурбонгоҳ аст, бигзор фурӯзон буда, хомӯш нашавад; ва бигзор коҳин бар он ҳар субҳ ҳезум бисӯзонад, ва қурбонии сӯхтаниро бар он бимонад, ва чарбуи забҳи саломатиро бар он бисӯзонад.


«Ин аст қурбонии Ҳорун ва писаронаш, ки бояд дар рӯзи тадҳин шудани худ ба Худованд тақдим намоянд: даҳьяки эфа аз орди маҳин барои ҳадияи ордии доимӣ; нисфаш барои субҳ ва нисфаш барои шом.


Ва коҳини тадҳиншуда, ки дар ҷои ӯ аз писаронаш хоҳад буд, инро бояд ба амал оварад; ин фаризаи абадист: он бояд комилан барои Худованд сӯзонида шавад.


Ҳар мардина аз миёни коҳинон онро метавонад бихӯрад; он бояд дар макони муқаддас хӯрда шавад. Ин қудси қудсҳост.


Lean sinn:

Sanasan


Sanasan