Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -




Ибодат 6:10 - Китоби Муқаддас 1992 1999

10 Ва бигзор коҳин пероҳани катони худро бипӯшад, ва эзори катоне бар бадани худ бипӯшад, ва хокистари қурбонии сӯхтаниро, ки оташ бар қурбонгоҳ сӯзонидааст, бардорад, ва онро назди қурбонгоҳ бимонад;

Faic an caibideil Dèan lethbhreac




Ибодат 6:10
22 Iomraidhean Croise  

Муроди дилашро ба ӯ ато фармудаӣ, ва талабҳои лабонашро рад накардаӣ. Село.


Валекин душманонам зинда ва пурзӯранд, ва онҳое ки ноҳақ бадхоҳи мананд, бисьёранд;


Ва ҳангоме ки ба саҳни берунӣ, ба саҳни берунӣ назди қавм берун оянд, либосҳои худро, ки бо онҳо хизмат мекунанд, бояд кашида, дар утоқҳои муқаддас бимонанд, ва либосҳои дигар бипӯшанд, то ки бо либосҳои худ қавмро тақдис нанамоянд.


Ва ӯ амъо ва почаҳоро бо об мешӯяд; ва коҳин ҳамаашро наздик оварда, бар қурбонгоҳ месӯзонад, — ин қурбонии сӯхтанӣ, ҳадияи оташин, атри гуворо барои Худованд аст.


Ва ӯ амъои он ва почаҳои онро бо об мешӯяд, ва коҳин ҳар он чиро, ки бар қурбонгоҳ мебошад, месӯзонад, — ин қурбонии сӯхтанӣ, ҳадияи оташин, атри гуворо барои Худованд аст.


Бигзор пероҳани катони муқаддасро дар бар кунад, ва эзори катон бар баданаш бошад, ва камарбанди катонро бибандад, ва аммомаи катонро бипӯшад: инҳо либосҳои муқаддас аст; ва бадани худро дар об ғусл дода, онҳоро дар бар кунад.


Ҳеҷ як ҳадияи ордие ки барои Худованд тақдим менамоед, набояд бо хамиртуруш тайёр карда шавад, зеро ки ҳеҷ як хамиртуруш ва ҳеҷ як асалро набояд барои Худованд ҳамчун қурбонии оташин бисӯзонед.


Нони Худои худро вай аз он чи қудси қудсҳост, ва аз он чи ҳадияҳои муқаддас аст, метавонад бихӯрад.


Яъне тамоми гӯсоларо бояд ба беруни ӯрдугоҳ, ба макони пок, ки он ҷо хокистарро мерезанд, бибарад, ва онро бар ҳезум дар оташ бисӯзонад; дар маконе ки хокистарро мерезанд, бигзор сӯзонида шавад.


Ва либосҳои худро кашида, либосҳои дигар бипӯшад, ва хокистарро берун аз ӯрдугоҳ ба макони поке барорад.


Ҳар мардина аз миёни писарони Ҳорун метавонад онро бихӯрад, — ин фаризаи абадӣ барои наслҳои шумо аз ҳадияҳои оташини Худованд мебошад; ҳар кӣ ба онҳо бирасад, тақдис хоҳад ёфт».


Ва коҳини тадҳиншуда, ки дар ҷои ӯ аз писаронаш хоҳад буд, инро бояд ба амал оварад; ин фаризаи абадист: он бояд комилан барои Худованд сӯзонида шавад.


«Ҳорун, ва писаронашро бо ӯ, ва либосҳо, ва равғани тадҳин, ва гӯсолаи қурбонии гуноҳ, ва ду қӯчқор, ва сабади фатирҳоро бигир,


«Худро аз миёни ин ҷамоат дур кунед, то ки Ман онҳоро дар як лаҳза нест кунам».


Ва оташе аз ҷониби Худованд берун омада, он дусаду панҷоҳ нафарро, ки бухур оварда буданд, сӯзонид.


Ва лашкарҳои осмон бар аспҳои сафед, катони сафеди тоза дар тан, аз паи Ӯ мерафтанд.


Ва ба вай ато шуд, ки катони тоза ва дурахшон дар бар кунад; зеро ки он катон адолати муқаддасон аст.


Ва яке аз он пирон ба сухан оғоз карда, аз ман пурсид: «Ин сафедпӯшон кистанд, ва аз куҷо омадаанд?»


Lean sinn:

Sanasan


Sanasan