Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -




Ибодат 5:6 - Китоби Муқаддас 1992 1999

6 Ва қурбонии ҷурми худро барои гуноҳе ки кардааст, ба Худованд тақдим намояд, яъне аз рамаи бузу гӯсфандон чорпои модаеро ҳамчун қурбонии гуноҳ биёрад, ва коҳин гуноҳи ӯро кафорат хоҳад кард.

Faic an caibideil Dèan lethbhreac




Ибодат 5:6
13 Iomraidhean Croise  

Ва дар равоқи дарвоза ду миз аз ин тараф ва ду миз аз он тараф буд, то ки бар онҳо қурбониҳои сӯхтанӣ ва қурбониҳои гуноҳ ва қурбониҳои ҷурмро забҳ кунанд.


Ва ба ман гуфт: «Утоқҳои шимолӣ ва утоқҳои ҷанубӣ, ки пеши ялангӣ мебошанд, утоқҳои муқаддасанд, ва коҳиноне ки ба Худованд наздик меоянд, қурбониҳои муқаддасро дар онҳо мехӯранд; қурбониҳои муқаддасро, яъне ҳадияи ордӣ, қурбонии гуноҳ ва курбонии ҷурмро дар он ҷо мегузоранд, зеро ки ин макон муқаддас аст.


Ва дар рӯзе ки ӯ ба саҳни дохилии қудс дарояд, то ки дар қудс хизмат кунад, ӯ бояд қурбонии гуноҳи худро биёрад, мегӯяд Худованд Худо.


Ва бо ин гӯсола ончунон амал мекунад, ки бо гӯсолаи қурбонии гуноҳ амал кард; бо он бояд ҳамин тавр амал кунад, то ки коҳин гуноҳи онҳоро кафорат намояд, ва онҳо омурзида хоҳанд шуд.


Ва гуноҳе ки кардааст, баъдтар ба ӯ ошкор гардад, — бигзор барои қурбонии худ ба сабаби гуноҳе ки кардааст, модабузи беайбе тақдим намояд.


Ва тамоми чарбуи онро ҷудо мекунад, чунон ки чарбуи забҳи саломатӣ ҷудо карда мешавад; ва коҳин онро бар қурбонгоҳ ҳамчун атри гуворо барои Худованд месӯзонад; ва коҳин гуноҳи ӯро кафорат менамояд, ва ӯ омурзида хоҳад шуд.


Ва агар ӯ бихоҳад гӯсфанде барои қурбонии гуноҳи худ тақдим намояд, бояд меши беайбе тақдим намояд.


Ва тамоми чарбуи онро ҷудо мекунад, чунон ки чарбуи гӯсфанд аз забҳи саломатӣ ҷудо карда мешавад, ва коҳин онро бар қурбонгоҳ ҳамчун қурбонии оташин барои Худованд месӯзонад; ва коҳин гуноҳи ӯро, ки кардааст, кафорат менамояд, ва ӯ омурзида хоҳад шуд.


Ва барои қурбонии ҷурми худ бигзор ба Худованд қӯчқори беайбе аз рама, мувофиқи қиматдиҳии ту, ҳамчун қурбонии ҷурм назди коҳин биёрад.


Ва айёми назирии худро вай аз нав ба Худованд назр менамояд, ва барраи яксолае барои қурбонии ҷурм меоварад; вале рӯзҳои пешина ботил мешавад, зеро ки назирии вай наҷис гардидааст.


Lean sinn:

Sanasan


Sanasan