Ва Ҳорун ду дасти худро бар сари нарбузи зинда мемонад, ва бар он ҳамаи хатоҳои банӣ‐Исроил ва ҳамаи ҷиноятҳои онҳо ва ҳамаи гуноҳҳои онҳоро эътироф менамояд, ва онҳоро бар сари нарбуз мегузорад, ва онро ба воситаи шахси махсус ба биёбон мефиристонад.
Ва коҳин гуноҳеро, ки он мард дар яке аз ин мавридҳо кардааст, кафорат менамояд, ва ӯ омурзида хоҳад шуд; ва бақияи он ҳамчун ҳадияи ордӣ аз они коҳин хоҳад буд».
Бигзор гуноҳеро, ки вай ба амал овардааст, эътироф намояд, ва он чиро, ки дар он гуноҳкор шудааст, пурра баргардонад, ва панҷьяки қимати онро бар он илова намуда, ба касе ки дар ҳаққаш гуноҳ кардааст, бидиҳад.