Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -




Ибодат 5:4 - Китоби Муқаддас 1992 1999

4 Ё касе ки бо даҳонаш барои кардани кори баде ё кори неке бемулоҳиза қасам хӯрдааст, — дар ҳар чизе ки одамизод бемулоҳиза қасам мехӯрад, — ва ин аз ӯ пӯшида бошад, вале баъдтар ин ба ӯ маълум шуда, ӯ дар яке аз инҳо муҷрим гардидааст, —

Faic an caibideil Dèan lethbhreac




Ибодат 5:4
25 Iomraidhean Croise  

Вале подшоҳ ба Мефибӯшет ибни Йӯнотон ибни Шоул раҳм кард, ба хотири қасами Худованд, ки дар миёни онҳо, яъне дар миёни Довуд ва Йӯнотон ибни Шоул буд.


Ва ӯ гуфт: «Худо ба ман чунин ва зиёда аз ин бикунад, ки агар сари Элишоъ ибни Шофот имрӯз бар танаш бимонад!»


Дарьёҳоро ба биёбон табдил медиҳад, ва чашмаҳои обро ба ташназамин,


Ва коҳин гуноҳеро, ки он мард дар яке аз ин мавридҳо кардааст, кафорат менамояд, ва ӯ омурзида хоҳад шуд; ва бақияи он ҳамчун ҳадияи ордӣ аз они коҳин хоҳад буд».


Ё ба наҷосати одамизод, — ба ҳар наҷосате ки кас аз он наҷис мешавад, — бирасад, ва ин аз ӯ пӯшида бошад, вале баъдтар ба ӯ маълум шуда, ӯ муҷрим гардидааст;


Вале агар падараш дар рӯзе ки шунид, ба вай эътироз намояд, ҳар назри вай ва ҳар манъе ки вай бар нафси худ гузоштааст, ба амал нахоҳад омад, ва Худованд варо хоҳад омурзид, зеро ки падараш ба вай монеъ шудааст.


Ва шавҳараш бишнавад, ва дар рӯзе ки шунид, дар ин бобат хомӯш монад, пас назрҳои вай қоим хоҳад буд, ва манъҳое ки вай бар нафси худ гузоштааст, бояд ба амал оварда шавад.


Аз ин рӯ ба вай қасам ёд карда, ваъда дод, ки ҳар он чи хоҳад, ба вай медиҳад.


Подшоҳ ғамгин шуд; лекин барои поси савгандаш ва ба хотири ононе ки ҳамроҳаш нишаста буданд, амр фармуд, ки дода шавад,


Ва қасам ёд кард, ки «ҳар чӣ аз ман талаб кунӣ, ҳатто нисфи қаламрави ман бошад ҳам, ба ту медиҳам».


Чун чашми рӯз кушода шуд, баъзе аз яҳудиён забон як карда, қасам хӯрданд, ки то Павлусро накушанд, ба ҳеҷ хӯрданӣ ва нӯшиданӣ лаб назананд;


Ва он мардон ба ӯ гуфтанд: «Бигзор ҷонҳои мо ба ҷои шумо бимирад, агар шумо ин кори моро ошкор накунед; ва ҳангоме ки Худованд ин заминро ба мо бидиҳад, мо ба ту ба ростӣ эҳсон хоҳем кард».


Ва Еҳушаъ бо онҳо сулҳ кард, ва бо онҳо аҳд баст, ки онҳоро зинда нигоҳ дорад; ва раисони ҷамоат ба онҳо қасам хӯрданд.


Он гоҳ бигзор чунин шавад: ҳангоме ки аз банӣ‐Аммӯн ба саломатӣ баргардам, ҳар кӣ аз дари хонаи ман ба пешвози ман берун ояд, бигзор аз они Худованд бошад, ва ман варо ҳамчун қурбонии сӯхтанӣ хоҳам овард».


Вале мо наметавонем духтарони худро ба онҳо ба занӣ диҳем, зеро ки банӣ‐Исроил қасам хӯрда, гуфтаанд: „Малъун бод касе ки ба Биньёмин зан диҳад!“»


Пас, бо бақияи онҳо дар бобати занон чӣ бояд бикунем? Мо, охир, ба Худованд қасам хӯрдаем, ки духтарони худро ба онҳо ба занӣ надиҳем».


Ва агар ҳақиқатан ва аз рӯи адолат имрӯз ба Ерубаал ва хонадонаш чунин амал карда бошед, — пас шумо аз Абималик шод бошед, ва ӯ низ аз шумо шод бошад.


Ва назр намуда, гуфт: «Эй Худованди лашкарҳо! Агар ба азияти канизи Худ назар андозӣ, ва маро ба ёд оварӣ, ва канизи Худро фаромӯш накунӣ, ва фарзанди наринае ба канизи Худ ато фармоӣ, ман ӯро тамоми айёми умраш ба Худованд хоҳам дод, ва поку ба сари ӯ нахоҳад расид».


Худованд ба душманони Довуд чунин ва зиёда аз ин бикунад, агар ман то субҳидам аз тамоми дороии вай як наринае боқӣ бигузорам».


Lean sinn:

Sanasan


Sanasan