Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -




Ибодат 5:18 - Китоби Муқаддас 1992 1999

18 Ва бигзор аз рама, дар асоси қиматдиҳии ту, қӯчқори беайбе барои қурбонии ҷурм назди коҳин биёрад; ва коҳин саҳверо, ки ӯ кардааст, вале надонистааст, кафорат менамояд, ва ӯ омурзида хоҳад шуд.

Faic an caibideil Dèan lethbhreac




Ибодат 5:18
10 Iomraidhean Croise  

Агар қурбонии ӯ қурбонии сӯхтание аз гала бошад, бигзор чорпои нари беайбро тақдим намояд; онро назди дари хаймаи ҷомеъ тақдим намояд, то ки ба ҳузури Худованд таваҷҷӯҳ ёбад.


Ва дасти худро бар сари қурбонии сӯхтанӣ мемонад, ва ӯ таваҷҷӯҳ меёбад, то ки гуноҳҳояш кафорат шавад.


Ва коҳин як барраро мегирад, ва онро бо як лӯҷ равған барои қурбонии ҷурм тақдим менамояд, ва онҳоро ҳамчун инъоми ҷунбониданӣ ба ҳузури Худованд меҷунбонад.


Ва бо ин гӯсола ончунон амал мекунад, ки бо гӯсолаи қурбонии гуноҳ амал кард; бо он бояд ҳамин тавр амал кунад, то ки коҳин гуноҳи онҳоро кафорат намояд, ва онҳо омурзида хоҳанд шуд.


Ва агар касе гуноҳ кунад, яъне бар хилофи яке аз аҳкоми наҳйи Худованд амал кунад, вале инро надонад, — ӯ муҷрим аст, ва барои гуноҳаш ҷазо хоҳад ёфт;


Ин қурбонии ҷурмест, ки ба воситаи он ӯ ба ҳузури Худованд муҷрим гардидааст».


Пас, агар ин, ба сабаби бехабарии ҷамоат, саҳван ба амал омада бошад, он гоҳ бигзор тамоми ҷамоат як наргови ҷавонро барои қурбонии сӯхтанӣ, ҳамчун атри гуворо барои Худованд, бо ҳадияи ордӣ ва ҳадияи рехтании он, мувофиқи қоидаи он, тақдим кунанд, ва як нарбузро барои қурбонии гуноҳ.


Lean sinn:

Sanasan


Sanasan