Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -




Ибодат 5:16 - Китоби Муқаддас 1992 1999

16 Ва ӯ бояд товони чизи муқаддасеро, ки дар ҳаққи он гуноҳ кардааст, адо намояд, ба тавре ки панҷьяки қимати онро бар он илова кунад, ва онро ба коҳин бидиҳад; ва коҳин гуноҳи ӯро ба воситаи қӯчқори қурбонии ҷурм кафорат менамояд, ва ӯ омурзида хоҳад шуд.

Faic an caibideil Dèan lethbhreac




Ибодат 5:16
22 Iomraidhean Croise  

Онҳое ки «ҳай‐ҳай» мегӯянд, ба сабаби шармандагии худ ақиб гарданд;


Агар касе гове ё гӯсфанде бидуздад, ва онро бикушад ё бифрӯшад, — бояд дар ивази гов панҷ гов, ва дар ивази гӯсфанд чор гӯсфанд бидиҳад.


Ва агар касе саҳван аз ҳадияи муқаддас бихӯрад, вай бояд панҷьяки онро бар он илова намуда, ҳадияи муқаддасро ба коҳин бидиҳад.


Ва агар онро фидия дода гирифтанӣ шавад, бигзор бар он қимат панҷьяки онро илова намояд.


Ва агар вақфкунанда хонаи худро фидия дода гирифтанӣ шавад, бигзор бар он қимат панҷьяки онро илова намояд, ва он аз они ӯ хоҳад буд.


Ва агар он аз чорпоёни наҷис бошад, бояд мувофиқи қимате ки ба он дода шудааст, фидия дода гирифта шавад, ва панҷьяки он қимат бар он илова карда шавад; ва агар фидия дода гирифта нашавад, он бояд мувофиқи қимате ки дода шудааст, фурӯхта шавад.


Ва агар касе бихоҳад, ки барои ушри худ фидия диҳад, бигзор бар қимати он панҷьяки онро илова намояд.


Ва бо ин гӯсола ончунон амал мекунад, ки бо гӯсолаи қурбонии гуноҳ амал кард; бо он бояд ҳамин тавр амал кунад, то ки коҳин гуноҳи онҳоро кафорат намояд, ва онҳо омурзида хоҳанд шуд.


Ва тамоми чарбуи онро, мисли чарбуи забҳи саломатӣ, бар қурбонгоҳ месӯзонад; ва коҳин гуноҳи ӯро ҳамин тавр кафорат менамояд, ва ӯ омурзида хоҳад шуд.


Ва дигарашро барои қурбонии сӯхтанӣ, бар тибқи дастур, ба кор мебарад; ва коҳин гуноҳи ӯро, ки кардааст, кафорат менамояд, ва ӯ омурзида хоҳад шуд.


Ва коҳин гуноҳеро, ки он мард дар яке аз ин мавридҳо кардааст, кафорат менамояд, ва ӯ омурзида хоҳад шуд; ва бақияи он ҳамчун ҳадияи ордӣ аз они коҳин хоҳад буд».


Ва қурбонии ҷурми худро барои гуноҳе ки кардааст, ба Худованд тақдим намояд, яъне аз рамаи бузу гӯсфандон чорпои модаеро ҳамчун қурбонии гуноҳ биёрад, ва коҳин гуноҳи ӯро кафорат хоҳад кард.


Дар маконе ки қурбонии сӯхтаниро забҳ мекунанд, қурбонии ҷурмро низ бояд дар он ҷо забҳ кунанд; ва хуни он бояд бар қурбонгоҳ гирдогирд пошида шавад.


Бигзор гуноҳеро, ки вай ба амал овардааст, эътироф намояд, ва он чиро, ки дар он гуноҳкор шудааст, пурра баргардонад, ва панҷьяки қимати онро бар он илова намуда, ба касе ки дар ҳаққаш гуноҳ кардааст, бидиҳад.


Ва агар он кас ворисе надошта бошад, то ки талофии гуноҳ ба вай дода шавад, дар он сурат талофии гуноҳ, ки барои Худованд дода мешавад, аз они коҳин хоҳад буд, ба замми қӯчқори кафорат, ки ба воситаи он ӯ варо кафорат менамояд.


Аммо Заккай бархоста, ба Худованд гуфт: «Худовандо! Нисфи дороии худро ман ба мискинон медиҳам, ва агар чизи касеро ноинсофона гирифта бошам, чор баробар подош медиҳам».


Балки дар навбати аввал ба сокинони Димишқ ва Ерусалим ва тамоми сарзамини Яҳудо ва низ ба ғайрияҳудиён мавъиза менамудам, ки тавба карда, ба Худо руҷӯъ намоянд ва корҳое кунанд, ки сазовори тавба бошад.


Онҳо гуфтанд: «Агар сандуқи Худои Исроилро равона мекарда бошед, онро холӣ равона накунед, балки қурбонии ҷурм барои Ӯ биёред; он гоҳ шифо хоҳед ёфт ва хоҳед донист, ки чаро дасти Ӯ аз шумо дур нашудааст».


Lean sinn:

Sanasan


Sanasan