Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -




Ибодат 5:13 - Китоби Муқаддас 1992 1999

13 Ва коҳин гуноҳеро, ки он мард дар яке аз ин мавридҳо кардааст, кафорат менамояд, ва ӯ омурзида хоҳад шуд; ва бақияи он ҳамчун ҳадияи ордӣ аз они коҳин хоҳад буд».

Faic an caibideil Dèan lethbhreac




Ибодат 5:13
16 Iomraidhean Croise  

Гуноҳи қавми Ман ризқу рӯзии онҳост, ва ҷонашон ба маъсияти онҳо иштиёқманд аст.


Ва он чи аз ҳадияи ордӣ боқӣ мемонад, аз они Ҳорун ва писаронаш хоҳад буд; ин қудси қудсҳост аз ҳадияҳои оташини Худованд.


Ва он чи аз ҳадияи ордӣ боқӣ мемонад, аз они Ҳорун ва писаронаш хоҳад буд; ин қудси қудсҳост аз ҳадияҳои оташини Худованд.


Ва бо ин гӯсола ончунон амал мекунад, ки бо гӯсолаи қурбонии гуноҳ амал кард; бо он бояд ҳамин тавр амал кунад, то ки коҳин гуноҳи онҳоро кафорат намояд, ва онҳо омурзида хоҳанд шуд.


Ва тамоми чарбуи онро, мисли чарбуи забҳи саломатӣ, бар қурбонгоҳ месӯзонад; ва коҳин гуноҳи ӯро ҳамин тавр кафорат менамояд, ва ӯ омурзида хоҳад шуд.


Ва тамоми чарбуи онро ҷудо мекунад, чунон ки чарбуи забҳи саломатӣ ҷудо карда мешавад; ва коҳин онро бар қурбонгоҳ ҳамчун атри гуворо барои Худованд месӯзонад; ва коҳин гуноҳи ӯро кафорат менамояд, ва ӯ омурзида хоҳад шуд.


Ва дигарашро барои қурбонии сӯхтанӣ, бар тибқи дастур, ба кор мебарад; ва коҳин гуноҳи ӯро, ки кардааст, кафорат менамояд, ва ӯ омурзида хоҳад шуд.


Ва онро назди коҳин мебиёрад; ва коҳин як мушт аз он ҳамчун ҳиссаи ёдгорӣ мегирад, ва бар қурбонгоҳ ҳамчун қурбонии оташини Худованд месӯзонад. Ин қурбонии гуноҳ аст.


Ва Худованд ба Мусо сухан ронда, гуфт:


Ва ӯ бояд товони чизи муқаддасеро, ки дар ҳаққи он гуноҳ кардааст, адо намояд, ба тавре ки панҷьяки қимати онро бар он илова кунад, ва онро ба коҳин бидиҳад; ва коҳин гуноҳи ӯро ба воситаи қӯчқори қурбонии ҷурм кафорат менамояд, ва ӯ омурзида хоҳад шуд.


Ё касе ки бо даҳонаш барои кардани кори баде ё кори неке бемулоҳиза қасам хӯрдааст, — дар ҳар чизе ки одамизод бемулоҳиза қасам мехӯрад, — ва ин аз ӯ пӯшида бошад, вале баъдтар ин ба ӯ маълум шуда, ӯ дар яке аз инҳо муҷрим гардидааст, —


Пас, дар сурате ки ӯ дар яке аз инҳо муҷрим гардидааст, бигзор ба гуноҳе ки кардааст, иқрор шавад,


Ва қурбонии ҷурми худро барои гуноҳе ки кардааст, ба Худованд тақдим намояд, яъне аз рамаи бузу гӯсфандон чорпои модаеро ҳамчун қурбонии гуноҳ биёрад, ва коҳин гуноҳи ӯро кафорат хоҳад кард.


Ҳар мардина аз миёни коҳинон онро метавонад бихӯрад; он бояд дар макони муқаддас хӯрда шавад. Ин қудси қудсҳост.


Магар намедонед, ки онҳое ки дар маъбад хизмат мекунанд, аз маъбад мехӯранд? Ва ходимони қурбонгоҳ аз қурбонгоҳ ҳиссае мегиранд?


Ва оё ӯро аз ҳамаи сибтҳои Исроил барои Худ ба коҳинӣ интихоб нанамудам, то ки бар қурбонгоҳи Ман баромада, бухур бисӯзонад ва ба ҳузури Ман эфӯд бипӯшад? Ва оё ҳамаи ҳадияҳоро аз қурбониҳои сӯхтании банӣ‐Исроил ба хонадони падарат набахшидам?


Lean sinn:

Sanasan


Sanasan