Ва агар аз гӯшти забҳи саломатии ӯ дар рӯзи сеюм хӯрда шавад, он сазовори таваҷҷӯҳ нахоҳад буд, ва барои касе ки онро қурбонӣ кардааст, ба ҳисоб оварда нахоҳад шуд; он наҷис аст, ва ҳар кӣ аз он бихӯрад, барои гуноҳаш ҷазо хоҳад ёфт.
Ва ӯ ба модари худ гуфт: «Ҳазору сад сиқл нуқрае ки аз ту рабуда шуд, ва дар бораи он ту лаънат хондӣ ва дар гӯшҳои ман низ гуфтӣ, — инак, он нуқра дар дасти ман аст: ман онро гирифта будам». Ва модараш гуфт: «Худованд писарамро баракат диҳад!»