Ва коҳин аз хуни қурбонии гуноҳ бо ангушти худ гирифта, бар шохҳои қурбонгоҳи қурбонии сӯхтанӣ мемолад, ва бақияи хуни онро бар буньёди қурбонгоҳи қурбонии сӯхтанӣ мерезад;
Ва коҳин аз хуни ин қурбонии гуноҳ бо ангушти худ гирифта, бар шохҳои қурбонгоҳи қурбонии сӯхтанӣ мемолад, ва тамоми бақияи хуни онро бар буньёди қурбонгоҳ мерезад.
Ва онро забҳ кард, ва Мусо хунро гирифт, ва бар шохҳои қурбонгоҳ гирдогирд бо ангушташ молид, ва қурбонгоҳро татҳир намуд, ва хунро бар буньёди қурбонгоҳ рехта, онро тақдис кард, то ки барояш кафорат намояд.