Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -




Ибодат 4:3 - Китоби Муқаддас 1992 1999

3 Агар коҳини тадҳиншуда гуноҳе карда, сабаби гуноҳкор шудани қавм гардида бошад, — бигзор барои гуноҳе ки кардааст, гӯсолаи беайберо аз галаи говон барои қурбонии гуноҳ ба Худованд тақдим намояд.

Faic an caibideil Dèan lethbhreac




Ибодат 4:3
32 Iomraidhean Croise  

Ва онҳо ҳафт гов, ва ҳафт қӯчқор, ва ҳафт барра, ва ҳафт нарбуз оварданд, то ки барои салтанат ва барои қудс ва барои Яҳудо қурбонии гуноҳҳо бишавад; ва ӯ ба банӣ‐Ҳорун амр фармуд, ки онҳоро ҳамчун қурбонии сӯхтанӣ бар қурбонгоҳи Худованд тақдим кунанд.


Ҷалои ватан шудагоне ки аз асирӣ баргашта буданд, барои Худои Исроил қурбониҳои сӯхтанӣ забҳ карданд: дувоздаҳ гов барои тамоми Исроил; наваду шаш қӯчқор; ҳафтоду ҳафт барра; дувоздаҳ нарбуз барои кафорати гуноҳҳо; ҳамаи инҳо қурбонии сӯхтанӣ барои Худованд буд.


Вале гӯшти гӯсола ва пӯсташ ва саргинашро берун аз ӯрдугоҳ дар оташ бисӯзон; ин қурбонии гуноҳ аст.


Ва аз хуне ки бар қурбонгоҳ аст, ва аз равғани тадҳин гирифта, бар Ҳорун ва либосаш, ва бар писарони ӯ ва либосашон бо ӯ бипош; ва ӯ ва либосаш, ва писарони ӯ ва либосашон бо ӯ тақдис хоҳанд шуд.


Ва равғани тадҳинро гирифта, бар сараш бирез, ва ӯро тадҳин намо.


Ва Ҳорун соле як маротиба бар шохҳои он кафорат хоҳад намуд, аз хуни қурбонии гуноҳ, ки барои кафорат бошад, соле як маротиба бар он дар наслҳои шумо кафорат хоҳад намуд; ин қудси қудсҳост барои Худованд».


Ва дар равоқи дарвоза ду миз аз ин тараф ва ду миз аз он тараф буд, то ки бар онҳо қурбониҳои сӯхтанӣ ва қурбониҳои гуноҳ ва қурбониҳои ҷурмро забҳ кунанд.


Ва ба коҳинони левизодае ки аз насли Содӯқ буда, ба Ман наздик меоянд, то ба Ман хизмат кунанд, мегӯяд Худованд Худо, гӯсолаи наре барои қурбонии гуноҳ бидеҳ.


Ва дар рӯзе ки ӯ ба саҳни дохилии қудс дарояд, то ки дар қудс хизмат кунад, ӯ бояд қурбонии гуноҳи худро биёрад, мегӯяд Худованд Худо.


Ва агар қурбонии ӯ аз рама, яъне аз гӯсфандон ё аз бузон бошад, бигзор барои қурбонии сӯхтанӣ чорпои нари беайбро тақдим намояд.


Агар қурбонии ӯ қурбонии сӯхтание аз гала бошад, бигзор чорпои нари беайбро тақдим намояд; онро назди дари хаймаи ҷомеъ тақдим намояд, то ки ба ҳузури Худованд таваҷҷӯҳ ёбад.


Ва Ҳорун гӯсолаи қурбонии гуноҳро, ки барои худи ӯст, наздик меоварад, ва худаш ва аҳли байташро кафорат менамояд; ва ин гӯсолаи қурбонии гуноҳро, ки барои худи ӯст, забҳ мекунад,


Бо ин чизҳо Ҳорун бояд ба қудс дохил шавад: бо гӯсолае барои қурбонии гуноҳ ва бо қӯчқоре барои қурбонии сӯхтанӣ.


Ва аз ҷамоати банӣ‐Исроил бигзор ду нарбуз барои қурбонии гуноҳ, ва як қӯчқор барои қурбонии сӯхтанӣ бигирад.


Ва Ҳорун гӯсолаи қурбонии гуноҳро, ки барои худи ӯст, тақдим карда, худаш ва аҳли байташро кафорат менамояд;


Ва гуноҳе ки кардаанд, баъдтар ошкор гардад, — бигзор ҷамоат гӯсолае аз галаи говон барои қурбонии гуноҳ тақдим намоянд, ва онро назди хаймаи ҷомеъ биёранд.


Ва гуноҳе ки кардааст, баъдтар ба ӯ ошкор гардад, — бигзор нарбузи беайбе барои қурбонӣ тақдим намояд.


Ва гуноҳе ки кардааст, баъдтар ба ӯ ошкор гардад, — бигзор барои қурбонии худ ба сабаби гуноҳе ки кардааст, модабузи беайбе тақдим намояд.


Ва коҳини тадҳиншуда аз хуни гӯсола мегирад, ва онро ба хаймаи ҷомеъ дохил мекунад.


Ва қурбонии ҷурми худро барои гуноҳе ки кардааст, ба Худованд тақдим намояд, яъне аз рамаи бузу гӯсфандон чорпои модаеро ҳамчун қурбонии гуноҳ биёрад, ва коҳин гуноҳи ӯро кафорат хоҳад кард.


Ҳар мардина аз миёни писарони Ҳорун метавонад онро бихӯрад, — ин фаризаи абадӣ барои наслҳои шумо аз ҳадияҳои оташини Худованд мебошад; ҳар кӣ ба онҳо бирасад, тақдис хоҳад ёфт».


Ва аз равғани тадҳин бар сари Ҳорун рехта, ӯро тадҳин намуд, то ки ӯро тақдис кунад.


Ва ба Ҳорун гуфт: «Гӯсолаи наре барои қурбонии гуноҳ ва қӯчқоре барои қурбонии сӯхтанӣ бигир, ки ҳар ду беайб бошанд, ва ба ҳузури Худованд тақдим намо.


Ва ба банӣ‐Исроил сухан ронда, бигӯ: „Нарбузе барои қурбонии гуноҳ, ва гӯсола ва барраи яксолае ки беайб бошанд, барои қурбонии сӯхтанӣ бигиред,


Ва онҳо бар рӯи худ афтода, гуфтанд: «Эй Худо, ки Худои орифи рӯҳҳои тамоми башар ҳастӣ! Як кас гуноҳ кардааст, ва ту бар тамоми ҷамоат дарғазаб мешавӣ?»


Ва наргови ҷавонеро бо ҳадияи ордии он, ки орди маҳини омехта бо равған бошад, бигиранд, ва ту наргови ҷавони дуюмро барои қурбонии гуноҳ бигир.


Зеро, азбаски шариат бо айби ҷисм суст шуда, ноилоҷ монда буд, Худо Писари Худро ба сурати ҷисми пургуноҳ ва барои гуноҳ фиристода, гуноҳро дар ҷисм маҳкум кард,


Зеро Ӯро, ки аз гуноҳ бехабар буд, барои мо қурбони гуноҳ сохт, то ки мо дар Ӯ адолати Худо шавем.


Ва ба ин сабаб бояд ҳам барои қавм ва ҳам барои худаш қурбонии гуноҳҳоро тақдим кунад.


Ва на ба воситаи хуни бузҳо ва говҳо, балки ба воситаи Хуни Худ як бор ба кудс дохил шуда, кафорати абадӣ пайдо кард.


Lean sinn:

Sanasan


Sanasan