27 Агар касе аз миёни авом саҳван гуноҳ кунад, яъне бар хилофи ягон аҳкоми наҳйи Худованд амал карда, гуноҳкор шавад,
Бигзор як қонун бошад барои сокини тубҷоӣ ва барои ғарибе ки дар миёни шумо сукунат дорад».
Ва раис вазифадор аст қурбониҳои сӯхтанӣ ва ҳадияҳои ордӣ ва ҳадияҳои рехтаниро дар идхо ва навмоҳҳо ва шанбеҳо, дар ҳамаи мавсимҳои хонадони Исроил бидиҳад; ӯ қурбонии гуноҳ ва ҳадияи ордӣ ва қурбонии сӯхтанӣ ва қурбониҳои саломатиро барои кафорати хонадони Исроил хоҳад овард.
Ва дар рӯзи ҳафтуми моҳ барои ҳар касе ки саҳван ва ё аз рӯи соддадилӣ гуноҳ карда бошад, ҳамин тавр амал намо; ва хонаро кафорат кунед.
Ва агар тамоми ҷамоати Исроил саҳван гуноҳ кунанд, ва ин кор аз чашмони ҷамоат пӯшида бошад, яъне агар бар хилофи ягон аҳкоми наҳйи Худованд амал карда гуноҳкор шаванд,
«Ба банӣ‐Исроил сухан ронда, бигӯ: агар касе дар ҳар кадом аҳкоми наҳйи Худованд саҳван гуноҳ карда, бар хилофи яке аз онҳо амал намояд,
Агар раис гуноҳ кунад, яъне бар хилофи ягон аҳкоми наҳйи Худованд Худои худ саҳван амал карда, гуноҳкор шавад,
Ва агар касе гуноҳ кунад, яъне бар хилофи яке аз аҳкоми наҳйи Худованд амал кунад, вале инро надонад, — ӯ муҷрим аст, ва барои гуноҳаш ҷазо хоҳад ёфт;
Ва қурбонии қавмро наздик овард, ва нарбузи гуноҳро, ки барои қавм буд, гирифт, ва онро забҳ карда, монанди қурбонии пешина, барои гуноҳ тақдим намуд.
Барои шумо ва барои ғарибе ки дар миёни шумо сокин аст, як қонун ва як ҳуқуқ хоҳад буд».
Ва агар саҳв намуда, тамоми ин аҳкомро, ки Худованд ба Мусо гуфтааст, ба ҷо наоварда бошед,
Вале агар як кас саҳван гуноҳ карда бошад, бигзор вай модабузи яксолае барои қурбонии гуноҳ тақдим намояд.
Барои касе ки саҳван амал мекунад, хоҳ вай тубҷоие аз банӣ‐Исроил бошад, хоҳ ғарибе ки дар миёни онҳо сукунат дорад, як қоида хоҳад буд.
«Ба банӣ‐Исроил бигӯ: агар марде ё зане ягон гуноҳи одамизодро ба амал оварда, дар ҳаққи Худованд хиёнат кунад, ва он шахс гуноҳкор шавад, —