Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -




Ибодат 4:26 - Китоби Муқаддас 1992 1999

26 Ва тамоми чарбуи онро, мисли чарбуи забҳи саломатӣ, бар қурбонгоҳ месӯзонад; ва коҳин гуноҳи ӯро ҳамин тавр кафорат менамояд, ва ӯ омурзида хоҳад шуд.

Faic an caibideil Dèan lethbhreac




Ибодат 4:26
22 Iomraidhean Croise  

Ва коҳинон онҳоро куштанд, ва хуни онҳоро барои каффораи гуноҳҳо бар қурбонгоҳ пошиданд, то ки бар тамоми Исроил каффора шавад; зеро подшоҳ фармуда буд, ки қурбонии сӯхтанӣ ва қурбонии гуноҳҳо барои тамоми Исроил тақдим карда шавад.


Ва дар рӯзи дуюм нарбузи беайберо барои қурбонии гуноҳ забҳ намо; ва бигзор қурбонгоҳро аз гуноҳ пок кунанд, чунон ки бо гӯсола пок карданд.


Ва дасти худро бар сари қурбонии сӯхтанӣ мемонад, ва ӯ таваҷҷӯҳ меёбад, то ки гуноҳҳояш кафорат шавад.


Ва агар овардани барра барояш дастрас набошад, бигзор ду фохта ё ду чӯҷаи кабӯтар оварад, ки яке барои қурбонии сӯхтанӣ ва дигаре барои қурбонии гуноҳ аст; ва коҳин барои вай кафорат хоҳад намуд, ва вай пок хоҳад шуд».


Ва бақияи равғанеро, ки дар кафи дасти коҳин аст, ба сари шахси покшаванда мемолад, ва коҳин варо ба ҳузури Худованд кафорат менамояд.


Ва коҳин якеро ҳамчун қурбонии гуноҳ ва дигареро ҳамчун қурбонии сӯхтанӣ тақдим мекунад; ва коҳин ӯро ба ҳузури Худованд аз ҷараёни ӯ кафорат менамояд.


Чунки ҷони ҷисм дар хун аст, ва Ман онро ба шумо барои қурбонгоҳ додаам, то ки ҷонҳои шуморо кафорат намояд, зеро ҳамин хун аст, ки ҷонро кафорат менамояд.


Ва коҳин варо бо қӯчқори қурбонии ҷурм ба ҳузури Худованд барои гуноҳе ки кардааст, кафорат менамояд, ва ӯ аз гуноҳе ки кардааст, омурзида хоҳад шуд.


Ва писарони Ҳорун онро бар қурбонгоҳ бо қурбонии сӯхтанӣ бар ҳезуме ки бар оташ мебошад, месӯзонанд, — ин қурбонии оташин, атри гуворо барои Худованд аст.


Ва тамоми чарбуи онро аз он бардошта, бар қурбонгоҳ месӯзонад;


Ва бо ин гӯсола ончунон амал мекунад, ки бо гӯсолаи қурбонии гуноҳ амал кард; бо он бояд ҳамин тавр амал кунад, то ки коҳин гуноҳи онҳоро кафорат намояд, ва онҳо омурзида хоҳанд шуд.


Ва тамоми чарбуи онро ҷудо мекунад, чунон ки чарбуи забҳи саломатӣ ҷудо карда мешавад; ва коҳин онро бар қурбонгоҳ ҳамчун атри гуворо барои Худованд месӯзонад; ва коҳин гуноҳи ӯро кафорат менамояд, ва ӯ омурзида хоҳад шуд.


Ва тамоми чарбуи онро ҷудо мекунад, чунон ки чарбуи гӯсфанд аз забҳи саломатӣ ҷудо карда мешавад, ва коҳин онро бар қурбонгоҳ ҳамчун қурбонии оташин барои Худованд месӯзонад; ва коҳин гуноҳи ӯро, ки кардааст, кафорат менамояд, ва ӯ омурзида хоҳад шуд.


Ва дигарашро барои қурбонии сӯхтанӣ, бар тибқи дастур, ба кор мебарад; ва коҳин гуноҳи ӯро, ки кардааст, кафорат менамояд, ва ӯ омурзида хоҳад шуд.


Ва коҳин гуноҳеро, ки он мард дар яке аз ин мавридҳо кардааст, кафорат менамояд, ва ӯ омурзида хоҳад шуд; ва бақияи он ҳамчун ҳадияи ордӣ аз они коҳин хоҳад буд».


Ва ӯ бояд товони чизи муқаддасеро, ки дар ҳаққи он гуноҳ кардааст, адо намояд, ба тавре ки панҷьяки қимати онро бар он илова кунад, ва онро ба коҳин бидиҳад; ва коҳин гуноҳи ӯро ба воситаи қӯчқори қурбонии ҷурм кафорат менамояд, ва ӯ омурзида хоҳад шуд.


Ва бигзор аз рама, дар асоси қиматдиҳии ту, қӯчқори беайбе барои қурбонии ҷурм назди коҳин биёрад; ва коҳин саҳверо, ки ӯ кардааст, вале надонистааст, кафорат менамояд, ва ӯ омурзида хоҳад шуд.


Ва коҳин гуноҳи ӯро ба ҳузури Худованд кафорат менамояд, ва ӯ дар ҳар коре ки карда муҷрим гардидааст, омурзида хоҳад шуд».


Ва коҳин тамоми ҷамоати банӣ‐Исроилро кафорат менамояд, ва онҳо омурзида хоҳанд шуд, зеро ки ин саҳв буд, ва онҳо қурбонии худро барои қурбонии оташини Худованд, ва қурбонии гуноҳи худро барои саҳви худ ба ҳузури Худованд тақдим кардаанд.


Ва коҳин он каси саҳвкардаро, ки саҳван ба ҳузури Худованд гуноҳ кардааст, кафорат менамояд, то ки вай кафорат ёбад, ва он гоҳ вай омурзида хоҳад шуд.


Lean sinn:

Sanasan


Sanasan