Ва нарбузи қурбонии гуноҳро, ки барои қавм аст, забҳ мекунад, ва хуни онро ба пушти парда меоварад, ва бо хунаш ончунон амал мекунад, ки бо хуни гӯсола амал карда буд, ва онро бар сарпӯш ва пеши сарпӯш мепошад;
Ва дасти худро бар сари қурбонии худ мемонад, ва онро назди дари хаймаи ҷомеъ забҳ мекунад; ва писарони Ҳорун, коҳинон, хунро бар қурбонгоҳ гирдогирд мепошанд.