Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -




Ибодат 4:22 - Китоби Муқаддас 1992 1999

22 Агар раис гуноҳ кунад, яъне бар хилофи ягон аҳкоми наҳйи Худованд Худои худ саҳван амал карда, гуноҳкор шавад,

Faic an caibideil Dèan lethbhreac




Ибодат 4:22
15 Iomraidhean Croise  

Ва ту аз миёни тамоми қавм мардони ҳалолкор, худотарс, мардони росткори аз тамаъ нафратдоштаро баргузида, бар онҳо таъин намо, то ки мириҳазорҳо, мирисадҳо, мирипанҷоҳҳо ва миридаҳҳо бошанд,


Зеро ки хобҳо ва чизҳои ҳеҷу пуч бисьёр шавад, сухан бисьёр мешавад, лекин ту аз Худо битарс.


Ва агар тамоми ҷамоати Исроил саҳван гуноҳ кунанд, ва ин кор аз чашмони ҷамоат пӯшида бошад, яъне агар бар хилофи ягон аҳкоми наҳйи Худованд амал карда гуноҳкор шаванд,


«Ба банӣ‐Исроил сухан ронда, бигӯ: агар касе дар ҳар кадом аҳкоми наҳйи Худованд саҳван гуноҳ карда, бар хилофи яке аз онҳо амал намояд,


Агар касе аз миёни авом саҳван гуноҳ кунад, яъне бар хилофи ягон аҳкоми наҳйи Худованд амал карда, гуноҳкор шавад,


Ва агар касе гуноҳ кунад, яъне бар хилофи яке аз аҳкоми наҳйи Худованд амал кунад, вале инро надонад, — ӯ муҷрим аст, ва барои гуноҳаш ҷазо хоҳад ёфт;


Ва агар саҳв намуда, тамоми ин аҳкомро, ки Худованд ба Мусо гуфтааст, ба ҷо наоварда бошед,


Пас, агар ин, ба сабаби бехабарии ҷамоат, саҳван ба амал омада бошад, он гоҳ бигзор тамоми ҷамоат як наргови ҷавонро барои қурбонии сӯхтанӣ, ҳамчун атри гуворо барои Худованд, бо ҳадияи ордӣ ва ҳадияи рехтании он, мувофиқи қоидаи он, тақдим кунанд, ва як нарбузро барои қурбонии гуноҳ.


Ва назди Мусо ҳозир шуданд, ва бо онҳо дусаду панҷоҳ нафар аз банӣ‐Исроил: сардорони ҷамоат, даъватшавандагони маҷлисҳо, шахсони номдор буданд.


Ва Мусо ва Элъозори коҳин ва ҳамаи раисони ҷамоат ба пешвози онҳо, берун аз ӯрдугоҳ баромаданд.


Ва банӣ‐Ҷод ва банӣ‐Реубен назди Мусо ва Элъозори коҳин ва раисони ҷамоат омада, гуфтанд:


Шаҳрҳое барои худ таъин намоед, ки шаҳрҳои гурезгоҳ барои шумо бошад, ва қотиле ки касеро саҳван куштааст, ба он ҷо бигрезад.


Lean sinn:

Sanasan


Sanasan