Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -




Ибодат 4:2 - Китоби Муқаддас 1992 1999

2 «Ба банӣ‐Исроил сухан ронда, бигӯ: агар касе дар ҳар кадом аҳкоми наҳйи Худованд саҳван гуноҳ карда, бар хилофи яке аз онҳо амал намояд,

Faic an caibideil Dèan lethbhreac




Ибодат 4:2
18 Iomraidhean Croise  

Ва Абималик Иброҳимро хонда, ба ӯ гуфт: «Чӣ кор аст, ки ба мо кардӣ? Ба ту чӣ гуноҳ кардам, ки бар ман ва бар мамлакати ман гуноҳи азиме овардӣ? Корҳои накарданӣ ба ман кардӣ».


Зеро ки хобҳо ва чизҳои ҳеҷу пуч бисьёр шавад, сухан бисьёр мешавад, лекин ту аз Худо битарс.


Ва агар касе саҳван аз ҳадияи муқаддас бихӯрад, вай бояд панҷьяки онро бар он илова намуда, ҳадияи муқаддасро ба коҳин бидиҳад.


Ва Худованд ба Мусо сухан ронда, гуфт:


Ва агар тамоми ҷамоати Исроил саҳван гуноҳ кунанд, ва ин кор аз чашмони ҷамоат пӯшида бошад, яъне агар бар хилофи ягон аҳкоми наҳйи Худованд амал карда гуноҳкор шаванд,


Агар раис гуноҳ кунад, яъне бар хилофи ягон аҳкоми наҳйи Худованд Худои худ саҳван амал карда, гуноҳкор шавад,


Агар касе аз миёни авом саҳван гуноҳ кунад, яъне бар хилофи ягон аҳкоми наҳйи Худованд амал карда, гуноҳкор шавад,


Шаҳрҳое барои худ таъин намоед, ки шаҳрҳои гурезгоҳ барои шумо бошад, ва қотиле ки касеро саҳван куштааст, ба он ҷо бигрезад.


Ва ин аст қонун барои қотиле ки метавонад ба он ҷо гурехта, зинда бимонад: касе ки ёри худро нодониста куштааст, дар сурате ки пештар ба вай душман набуд;


Маро, ки пештар куфргӯ ва таъқибкунанда ва озордеҳ будам, лекин сазовори марҳамат гардидам, чунки аз рӯи нодонӣ, дар беимонӣ амал мекардам;


Ки вай метавонад ба ҷоҳилон ва гумроҳон ғамҳорӣ намояд, чунки худаш низ гирифтори заъф аст,


Аммо ба қисми дуюми хайма соле як бор фақат саркоҳин медарояд, он ҳам бе хун не, ки онро барои худаш ва барои хатокориҳои қавм қурбонӣ мекунад.


Аз айни як даҳон баракат ва лаънат мебарояд. Эй бародарони ман, набояд ин тавр шавад.


Вале Йӯнотон бехабар буд аз он ки падараш қасам дода буд, ва ӯ нӯги асоеро, ки дар дасташ буд, дароз карда, дар шони асал ғӯтонид, ва дасташро ба даҳонаш бурд, ва чашмонаш равшан шуд.


Lean sinn:

Sanasan


Sanasan