Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -




Ибодат 4:18 - Китоби Муқаддас 1992 1999

18 Ва аз он хун бар шохҳои қурбонгоҳ, ки ба ҳузури Худованд дар хаймаи ҷомеъ мебошад, мемолад, ва тамоми бақияи хунро бар буньёди қурбонгоҳи қурбонии сӯхтанӣ, ки назди дари хаймаи ҷомеъ аст, мерезад;

Faic an caibideil Dèan lethbhreac




Ибодат 4:18
11 Iomraidhean Croise  

Ва говонро куштанд, ва коҳинон хунро гирифта, бар қурбонгоҳ пошиданд; ва қӯчқоронро кушта, хунро бар қурбонгоҳ пошиданд; ва баррагонро кушта, хунро бар қурбонгоҳ пошиданд.


Ва аз хуни гӯсола гирифта, бар шохҳои қурбонгоҳ бо ангуштонат бипош; ва тамоми хунро бар бунёди қурбонгоҳ бирез.


Ва Ҳорун соле як маротиба бар шохҳои он кафорат хоҳад намуд, аз хуни қурбонии гуноҳ, ки барои кафорат бошад, соле як маротиба бар он дар наслҳои шумо кафорат хоҳад намуд; ин қудси қудсҳост барои Худованд».


Ва коҳин аз хуни қурбонии гуноҳ бо ангушти худ гирифта, бар шохҳои қурбонгоҳи қурбонии сӯхтанӣ мемолад, ва бақияи хуни онро бар буньёди қурбонгоҳи қурбонии сӯхтанӣ мерезад;


Ва коҳин аз хуни он бо ангушти худ гирифта, бар шохҳои қурбонгоҳи қурбонии сӯхтанӣ мемолад, ва тамоми бақияи хуни онро бар буньёди қурбонгоҳ мерезад;


Ва коҳин аз хуни ин қурбонии гуноҳ бо ангушти худ гирифта, бар шохҳои қурбонгоҳи қурбонии сӯхтанӣ мемолад, ва тамоми бақияи хуни онро бар буньёди қурбонгоҳ мерезад.


Ва коҳин аз он хун бар шохҳои қурбонгоҳи бухури муаттар, ки ба ҳузури Худованд дар хаймаи ҷомеъ аст, мемолад, ва тамоми бақияи хуни гӯсоларо бар буньёди қурбонгоҳи қурбонии сӯхтанӣ, ки назди дари хаймаи ҷомеъ аст, мерезад;


Ва аз хуни қурбонии гуноҳ бар девори қурбонгоҳ мемолад, ва бақияи хун бигзор бар буньёди қурбонгоҳ фушурда шавад. Ин қурбонии гуноҳ аст.


Вале ҳар қурбонии гуноҳ, ки хунаш ба хаймаи ҷомеъ дароварда мешавад, то ки дар қудс кафорат намояд, набояд хӯрда шавад; он бояд дар оташ сӯзонида шавад.


Ва онро забҳ кард, ва Мусо хунро гирифт, ва бар шохҳои қурбонгоҳ гирдогирд бо ангушташ молид, ва қурбонгоҳро татҳир намуд, ва хунро бар буньёди қурбонгоҳ рехта, онро тақдис кард, то ки барояш кафорат намояд.


Ва писарони Ҳорун хунро назди ӯ оварданд, ва ӯ ангушти худро дар хун ғӯтонида, бар шохҳои қурбонгоҳ молид; ва хунро бар буньёди қурбонгоҳ рехт.


Lean sinn:

Sanasan


Sanasan