Ва Ҳорун ду дасти худро бар сари нарбузи зинда мемонад, ва бар он ҳамаи хатоҳои банӣ‐Исроил ва ҳамаи ҷиноятҳои онҳо ва ҳамаи гуноҳҳои онҳоро эътироф менамояд, ва онҳоро бар сари нарбуз мегузорад, ва онро ба воситаи шахси махсус ба биёбон мефиристонад.
Ва он гӯсоларо назди дари хаймаи ҷомеъ ба ҳузури Худованд мебиёрад, ва дасти худро бар сари гӯсола мемонад, ва гӯсоларо ба хузури Худованд забҳ мекунад;
Ва Худованд ба Мусо гуфт: «Ҳафтод нафар аз пирони Исроил, ки ту онҳоро мешиносӣ, ки пирони қавм ва нозиронашон мебошанд, барои Ман ҷамъ кун, ва онҳоро назди хаймаи ҷомеъ биёр, то ки дар он ҷо бо ту биистанд.
Ва Худованд дар абр фурӯд омада, ба ӯ сухан ронд, ва аз Рӯҳе ки бар ӯ буд, гирифта, бар ҳафтод нафар пирон кӯчонид; ва ҳангоме ки Рӯҳ бар онҳо қарор гирифт, нубувват карданд, вале давом надоданд.