1 Ва Худованд ба Мусо сухан ронда, гуфт:
Бо ин чизҳо Ҳорун бояд ба қудс дохил шавад: бо гӯсолае барои қурбонии гуноҳ ва бо қӯчқоре барои қурбонии сӯхтанӣ.
Қонуни абадӣ барои ҳамаи наслҳои шумо дар ҳамаи масканҳои шумо ин аст, ки ҳеҷ чарбу ва ҳеҷ хунро нахӯред».
Ва агар тамоми ҷамоати Исроил саҳван гуноҳ кунанд, ва ин кор аз чашмони ҷамоат пӯшида бошад, яъне агар бар хилофи ягон аҳкоми наҳйи Худованд амал карда гуноҳкор шаванд,
«Ба банӣ‐Исроил сухан ронда, бигӯ: агар касе дар ҳар кадом аҳкоми наҳйи Худованд саҳван гуноҳ карда, бар хилофи яке аз онҳо амал намояд,
Вале ҳар қурбонии гуноҳ, ки хунаш ба хаймаи ҷомеъ дароварда мешавад, то ки дар қудс кафорат намояд, набояд хӯрда шавад; он бояд дар оташ сӯзонида шавад.
Ва Ҳорун ба қурбонгоҳ наздик омада, гӯсолаи қурбонии гуноҳро, ки барои худаш буд, забҳ кард.